МУЛОҚОТИ Қ. РАСУЛЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ АМА

Декабрь 2, 2009 16:55

                      Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 2 декабр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо як гурӯҳи соҳибкорони ширкатҳои бонуфузи «Алшариф-груп» — и Аморати Муттаҳидаи Араб бо сарварии Аҳмад Абдуллоҳ Алшариф мулоқот анҷом дод.                      Қоҳир Расулзода омодагии минтақаро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб баён дошта, роҷеъ ба имконоти васеи ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн дар заминаи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд маълумот дод. Зимнан, соҳибкорони ширкатҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб иброз доштанд, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориро мавриди омӯзиш қарор дода, пешниҳоди худро дар мӯҳлати наздиктарин ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд манзур медоранд.                    Мавриди ёдоварист, ки соҳибкорони Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамзамон аз минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд ва якчанд корхонаҳои саноатии вилоят дидан карданд.

Декабрь 2, 2009 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд