МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЧИН ЧЕН ТСЗИНХЕ

Декабрь 22, 2009 08:32

                 21 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Тсзинхеро ба ҳузур пазируфт.                   Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кўҳӣ, аз ҷумла истихроҷи тилло ва дигар металҳои қиматбаҳо баррасӣ шуд.Чен Тсзинхе ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти ширкати муштараки Зарафшон, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис ёфтааст, гузориш дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки соли равон ҳаҷми истихроҷи тилло аз кони Тарор ба 800 килограмм мерасад ва дар давоми 3 соли оянда ин нишондод бояд ба 4-5 тонна расонда шавад. Тибқи иттилои ў аллакай соли 2010 бояд ҳаҷми истихроҷи тилло ба якуним тонна расад.                    Иттилоъ дода шуд, ки ширкати Зиҷинг Майнинг барои муҳайё намудани шароити хуби корӣ бо технологияи муосири истихроҷи маъданҳои кўҳӣ дар ширкати муштараки Зарафшон то имрўз беш 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳаҷми сармоягузорӣ ва истихроҷи маъданҳоро афзун намуда, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати фаъол намояд.                     Таъкид гардид, ки бо зиёд шудани ҳаҷми кор шумораи коргарон низ афзун мешавад. Айни ҳол дар ин корхона наздики 1500 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.                      Зикр гардид, ки ширкат Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин тасмим дорад дар истихроҷи маъданҳои кўҳӣ аз дигар конҳои Тоҷикистон низ ширкати фаъол дошта бошад.                      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки саҳми ширкати Зиҷинг Майнинги Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин бояд дар ворид намудани технологияҳои муосир ва омўзишу омодасозии кадрҳои маҳаллӣ намоён бошад.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Декабрь 22, 2009 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд