МУРОҶИАТИ НАВБАТИИ ҲАМИД КАРЗАЙ БА МУХОЛИФИН
Кобул, 29 декабр. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай зимни суханрониаш ба муносибати иди Ошуро бори дигар дастаҳои мусаллаҳи мухолифинро даъват намуд, ки аслиҳаи худро ба замин гузошта, ба ҳаёти осоишта баргарданд. Хабар дода мешавад, ки ин дафъа муроҷиати роҳбари давлати Афғонистон ба мухолифон оҳанги нисбатан қатъй дошт. Ҳ.Карзай ба силоҳбадастони «Толибон» хитоб карда, гуфт, ки оташ задании масҷидҳо ва хароб кардани мактабҳоро бас кунанд. Тибқи хабарҳои расида, силоҳбадастони «Толибон» чанд рӯз пеш дар вилояти Бодғис шифохонаи маҳаллӣ ва бинои мактабро оташ заданд. Тавре хабар дода шуда буд, Ҳамид Карзай дафъаи гузашта силоҳбадастони «Толибон» — ро дар арафаи иди Қурбон ба зиндагии осоишта даъват карда буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






