Н.БОРДЮЖА: «МО АМНИЯТИ ХУДРО ЯКҶОЯ ТАЪМИН МЕНАМОЕМ»

Декабрь 31, 2009 10:43

                  Маскав, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Соли 2009 барои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давраи пурҷӯшу хурӯши фаъолият ва муваффақиятҳои калон ба шумор меравад. Соли 2009 дар доираи созмон Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ташкил карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки амнияти давлатҳои аъзои созмон ба таври якҷоя ва муташаккилона таъмин карда шавад, гуфт муншии умумии СААД Николай Бордюжа зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».                    Вай ёдовар шуд, ки СААД моҳи сентябри соли 2003 дар заминаи Созишномаи таъмини амнияти дастаҷамъӣ таъсис дода шуда буд. Фаъолияти созмон аз ҳамон давра сар карда, торафт вусъат ёфт ва имрӯз ҳамчун созмони мӯътабари минтақавӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Тасодуфӣ нест, ки СААД дар котиботи СММ ба қайд гирифта шудааст ва дар Маҷмаи кулли он мақоми мушоҳид дорад.                    СААД имрӯз бо СММ дар масъалаҳои муҳимтарини таъмини сулҳу суботи мамлакатҳо самарабахш ҳамкорӣ мекунад, гуфт Н.Бордюжа. – СААД инчунин бо созмонҳои дигари минтақавӣ, аз ҷумла, САҲА, ИДМ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва СҲШ муносибатҳои самарабахши ҳамкорӣ дорад. Ҳадафи ин ҳамкорӣ таъмини амният ва суботи вазъият на танҳо дар Аврупо, балки дар саросари ҷаҳон мебошад. Қайд карда шуд, ки ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, низомию техникӣ ва иқтисодии мамлакатҳои аъзои созмон сол то сол густариш меёбад. Онҳо дар мубориза ба муқобили терроризм, хариду фурӯши маводи нашъадор, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пешгирии фалокатҳои табиию техногенӣ, бартараф кардани оқибати онҳо ва ғайра самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Таҳти сарпарастии созмон ҳар сол дар мамлакатҳои аъзои он амалиёти зидди маводи нашъадори «Канал» гузаронида мешавад.                      Николай Бордюжа дар бораи натиҷаҳои соли 2009 сухан ронда, зикр кард, ки тибқи паймони сарони давлатҳо моҳи июни соли равон Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ташкил карда шуданд. Соли равон аввал дар Қазоқистон ва баъдан дар Белорусия машқи ҷузъу томҳои низомии қувваҳои мазкур баргузор гардиданд. Дар машқ қисмҳои ҳарбии Тоҷикистону Қазоқистон иштирок доштанд. Ин машқ нишон дод, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Қазоқистон аз ҷиҳати таъминот, маҳорати ҷангӣ ва иҷрои амалиёт аз хизматчиёни ҳарбии Русия ва Белорусия камӣ надоранд.                         Муншии умумии СААД дар бораи нақшаҳои ояндаи фаъолияти созмон сухан ронда, гуфт, ки соли 2010 – ум 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ҷашн гирифта мешавад. Тавре ки маълум аст, дар ин ғалабаи бузург саҳми тамоми халқҳои собиқи шӯравӣ ниҳоят калон аст. Мо ба ивази қурбониҳо ва талафоти бузург дар ин ҷанги мудҳиш ғалаба ба даст овардем ва дар оянда низ амнияти худро якҷоя ва муташаккилона таъмин хоҳем кард, гуфт дар хотима Н.Бордюжа.

Декабрь 31, 2009 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид