Н.САИДОВ: «АНДЕШАҲОИ ЗОЙИРОВ АЗ ВОҚЕЪИЯТУ ҲАҚИҚАТ ФАРСАХҲО ДУР АСТ»
-«Андешаҳои Раиси Ҳизби сотсиал-декмократи Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳматилло Зойиров, ки дар шумораи 39-уми ҳафтаномаи «Пайкон» таҳти унвони «То интихобот моро худи Ҳукумат муаррифӣ мекунад» баён шудааст, ба ҳақиқат наздик нест», гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби ҳамоҳангсоз ва роҳбари котиботи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов. Нуралӣ Саидов ба чанд андешаҳои Раиси ҲСДТ, ки атрофи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ баён шудааст, мулоҳизаҳои худро ироа карда, моҳияти масъалаҳоро возеҳ намуд. Н. Саидов гуфт, ки Р. Зойиров зимни мусоҳибааш изҳор намудааст, ки ӯро ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ даъват накарданд ва дар айни замон ӯ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шудан намехоҳад. Аз ин рӯ ӯ шартҳои муайянро пеш мегузорад. Ман мехоҳам ба маълумоти хонандагони ҳафтанома бирасонам, ки дар мусоҳибаи Раиси ҲСДТ якчанд нуктаҳои норавшан аст, ки моҳияти масъаларо возеҳ сохта наметавонанд, афзуд Н. Саидов. Пеш аз ҳама сухан дар бораи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ меравад. Бояд бигӯям, ки Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1996 дар асоси ду ҳуҷҷати муҳим – Аҳдномаи ризояити ҷомаеаи Тоҷикистон ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст. Ин санадҳо фаъолияти рӯзмарраи Шӯрои ҷамъиятиро ба танзим медароранд. Сухан дар бораи он меравад, ки Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон иштирокдорони ин Аҳднома аз як тараф аз Мақомоти давлатӣ, яъне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ ва ҷамъиятҳои миллии фарҳангӣ иборат мебошад. Дар айни замон Аҳдномаро 84 ташкилоти ҷамъиятӣ имзо кардаанд. Онҳо баъди имзои Аҳднома ҳуқуқи комили аъзои Аҳдномаро доранд. Фаъолияти ҳаррӯзаи Шӯрои ҷамъиятиро Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба танзим медарорад ва дар сурати зарурат мо метавонем дар Низомнома як қатор дигаргуниҳо дохил намоем. Аз 8 ҳизби сиёсии дар кишвар фаъол буда, 7-тои онҳо Аҳдномаро ба имзо расонидаанд ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мебошанд. ҲСДТ Аҳдномаро ба имзо нарасонидааст бинобар ҳамин ин ҳизб аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳисоб карда намешавад. Аҳднома дар назди аъзоёни худ ӯҳдадориҳои муайянеро ба миён мегузорад. Раҳматилло Зойиров даъво дорад, ки ӯро ба ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ даъват накардаанд. Аз сабаби оне, ки ҲСДТ Аҳдномаи Шӯрои ҷамъиятиро имзо накардаст ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ намебошад, аз ин рӯ ӯ ба ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро, ки 4 ноябр, ки бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ доир шуд, даъват нагашт. Зеро тибқи Низомнома дар ҷаласа танҳо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Инчунин, Р. Зойиров дар мусоҳибааш мегӯяд, ки «панҷ рӯз қабл дар Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парлумон ҷаласа гузаронида шуд, аксарияти раисони Ҳизбҳои сиёсӣ иштирок надоштанд». Воқеъан, дар ҷаласаи рӯзи 26 ноябрии маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ, ки дар мавзуӣ «Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парлумон» доир шуд, Раҳматилло Зойировро расман даъват кардам ва он кас бо вуҷуди дер омаданашон дар ҷаласа иштирок кард, пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Вале баъзе гуфтаҳои мӯҳтарам Раҳматилло Зойиров ба воқеъият наздик нест. Зеро дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, муовини аввали Раиси ҲҲДТ Давлаталӣ Давлатов, Раиси Ҳизби демократ дар сафари хидматӣ буд ба ҷои ӯ намояндаи ваколатдораш иштирок дошт. Инчунин, Раиси Ҳизби Наҳзати исломи Тоҷикистон дар сафари хидматӣ буд ба ҷои ӯ Сайфуллозода иштирок кард. Ягона Ҳизбе, ки иштирок надошт Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов буд, ки онҳо низ дар сафари хидматӣ қарор доштанд. Шодӣ Шабдолов ба таври хаттӣ нуқтаи назари худро пешниҳод карданд. Инчунин, дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ аз рӯи Низомномае, ки мо дорем дар сурати зарурӣ Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иштирок мекунанд. Дар ҳолате, ки онҳо банд ҳастанд намояндагони ваколатдори онҳо иштирок мекунанд. Соли 2008 дар як ҷаласаи маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ, ки дар мавзӯи «Мақом ва нақши ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» доир шуд, дар он ҷаласа шахсан худам Р. Зойировро даъват карда будам, вале ӯ иштирок накард. Инчнуин, Р. Зойиров мегӯяд, ки дар фаъолияти чандинсолаи Шӯрои ҷамъиятӣ Низомномаи он риоя карда намешавад. Ин ҳам ба ҷуз аз бӯҳтон чизе дигаре нест. Зеро, ки Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамаи ҷаласаҳои он дар асоси овоздиҳии озоду кушод ва равшан гузаронида мешаванд. Масъалаҳо дар шакли консерсум қабул карда мешаванд. Ман намедонам, ки Р.Зойиров боз кадом Низомномаро дар назар дорад. Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси розигии овоздиҳии тамоми аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Ва тамоми қарорҳои он дар шакли овоздиҳии озод ва кушода қабул карда мешаванд. Протокол тартиб дода мешавад. Ба он Раиси ҳамоҳангсоз ва котиби ҳамоҳангсоз имзо мекунанд. Асноди қабулшудаи Шӯро дар шакли тавсияҳо, аризаю муроҷиатномаҳо, лоиҳаю ҳуҷҷатҳо ва ғайра тартиб дода мешаванд. Дар мусоҳибаи худ Раиси ҲСДТ гуфтааст, ки «таъминоти Шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷониби Созмони байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА сурат мегирад». Гуфтаҳои Р.Зойиров ботил буда, аз воқеияту ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Зеро таъминоти моддию молиявии котиботи Шӯрои ҷамъиятиро давлат ба ӯҳда гирифтааст, на созмонҳои байналмилалие, ки Зойиров мегӯяд. Мувофиқи Низомнома Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳар се моҳ як ҷаласаи худро мегузаронад ва дар он аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо навбат раисӣ мекунанд. Дар ҷаласа мувофиқи нақшаи корӣ, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба рӯзномаи ҷаласа гузошта мешавад. Дар нақшаи кории дар соли 2009 бисёр масъалаҳои муҳим- муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарз», бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва роҳҳои паст кардани таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон, оиди танзими баҳогузорӣ ба сифати манзил ва муҳити зист, аҳамияти энергетикии Тоҷикистон: мушкилот ва пешомадҳои он. Моҳияти қисми дигари фаъолияти мо аз он иборат аст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ лоиҳаи баъзе қонунҳо барои баррасӣ ва хулосаи экспертӣ- машваратӣ ба мо равон карда мешавад ва мо онро дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ мекунем ва хулосаи Шӯрои ҷамъиятиро дар шакли протокол ба Президенти кишвар пешниҳод мекунем баъди он ба парлумон ирсол карда мешавад. Дар назди Шӯрои ҷамъиятӣ маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ ташкил карда шудааст ва он солҳои зиёде фаъолият мекунад, ки дар он масъалаҳои муҳими баррасӣ карда мешаванд. Дар он вобаста ба масъалаи муҳим, коршиносон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ даъват мегарданд. Яъне, мутахассисони соҳа ҷалб карда мешаванд. Ҷаласаи ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматии фаъол ва аз ҷониби дигар бо созмонҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад, бахусус бо намояндагии дар Душанбебудаи дафтари САҲА. Аз сабаби оне, ки доираи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ васеътар аст мо дар ҷаласаҳои маҳфили ҳамкориҳои иҷтимоӣ масъалаҳои гуногунро баррасӣ мекунем ба мисли «Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон», «Проблемаҳои экологияи шаҳрдори сифати муҳити зисти шаҳри Душанбе» инчунин, конфронси илмиеро бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам гузаронидем. Як хусусияти хоси фаъолияти Шӯро дар он аст, ки мо баргузории ҷаласаҳоро вобаста ба мавзуи Ҳизбҳои сиёсӣ ва интихоботи парлумонро на танҳо дар марказ –шаҳри Душанбе , балки сатҳи онро васеътар кардем ва имсол чор ҷаласа дар минтақаҳо гузаронидем. Мавзӯи дигаре, ки мавриди баррасӣ дар ҷаласаҳо қарор мегирад ин мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар оянда мо нақша дорем, ки ин мавзӯъро васеътар баррасӣ кунем. Ва он на танҳо дар сатҳи пойтахт ва минтақаҳо балки онҳоро дар сатҳи ноҳияҳо низ мегузаронем. Ду ҷаласаи он аллакай баргузор шуд, яке дар шаҳри Турсунзода ва дигаре дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб. Нақши Шӯрои ҷамъиятиро дар таҳкими ваҳдат ва рушду шукуфоии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Зарурати пайдоиши Шӯрои ҷамъиятӣ аз он иборат буд, ки дар шароити хеле ҳам душвори Тоҷикистон зарурате ба миён омад, ки як иттиҳодияе созмон дода шавад, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ, ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд ва фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд. Нақши муҳими Шӯрои ҷамъиятӣ дар таҳкими ваҳдат ва рушди минбаъдаи кишвар назаррас аст. Аз рӯи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ аъзо шудан ба Аҳднома озод аст, Ҳар ҳизби сиёсӣ ё ташкилотҳои ҷамъятӣ нияти аъзои Аҳднома шуданро доранд, мо тамоми шароитҳоро ба онҳо фароҳхам меорем. Мақсади асосии Шӯрои ҷамъятӣ ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Мо қадамҳои аввалину устувори худро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта истодаем. Яке аз хусусиятҳои хоси ҷомеаи шаҳрвандӣ ин бисёрҳизбӣ ва гуногунандешӣ аст. Шӯрои ҷамъиятӣ як майдонест, ки дар асоси гуногунандешии фикру мулоҳизаҳо фаъолият мекунад. Вақте, ки Аҳдномаро ҳар яке аз тарафҳо имзо мекунанд, ӯҳдадориҳои муайянеро мегиранд. То ҷое мусаллам аст имрӯзҳои сохмтони яке аз иншооти муҳими аср- НБО «Роғун» ба майдони мардонагию ваҳдати миллат табдил гардидааст ва назари Шумо ба сохтмони ин иншооти муҳими стратегӣ чӣ гуна аст? Бояд бигӯям, ки масъалаи таъмини истиқлолияти энергетики Тоҷикистонро мо ҳанӯз ду сол қабл ба нақшаи кории худ дохил карда будем. Ва яке аз ҷаласаҳои Шӯро ба ин масъала бахшида шуда буд. Нақши Роғун дар таъмини истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон бузург аст. Бидуни сохтмони ин иншооти муҳиму сарнавиштсози аср мо мушкилоти энергетикии кишварро ҳал карда наметавонем. Аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иқдоми Сардори давлатро дастгирӣ карда, тасмим гирфтанд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ як қисми маблағ ҷудо намуда, ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронанд. Аз ҷониби дигар ҳар як аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ роҳбари ягон ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, онҳо низ ин ташаббусро аз ҷониби ташкилотҳои худ таъмин мекунанд. Инчунин, ба нақша гирифтаем, охири соли 2009 гуррӯҳи аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ба маҳалли сохтмони НБО «Роғун» рафта, бо коргарону мутахассисони ин иншоти муҳим дидору мулоқот намоянд. Тоҷикистон дар баргузории интихоботи парлумонӣ омодагӣ мебинад. Назари Шумо ба ин масъала? Шаффофияти баргузории интихоботро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар кафолат доданд, ки интихоботи парлумонӣ дар сатҳи баланд демократӣ ва дар асоси санаду меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»