НАҚШИ ВАО ДАР ИНЪИКОСИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?

Декабрь 18, 2009 11:55

                  Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- «Инъикоси баргузории интихоботи шаффофу демократӣ аз фаъолияти воситаҳои ахбори омма вобастагии калон дорад», гуфт зимни баромади худ Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Шерхон Салимзода дар ҷараёни баргузории семинари «Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ». Чорабинии мазкур, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар», бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи Фридрих Эберт дар Тоҷикистон барои кормандони ВАО-ҷумҳурӣ 18 декабр дар Душанбе ташкил карда шуд. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доштанд.                 -Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, бахусус тақвият бахшидани нақш ва фаъолияти ВАО дар инъикоси воқеъбинонаи омодагӣ ва ҷараёни баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Сайдалӣ Сиддиқов гуфт, ки баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ буда, аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ масъулияти бештареро тақозо менамояд.Шаффофият яке аз принсипҳои баргузории интихобот аст ва аз намояндагони васоити ахбори омма дарки бештари масъулиятшиносиро талаб мекунад.                  Иштирокдорони семинар зимни барарасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи шаффофу демократӣ доир ба принсипу стандартҳои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва инъкиоси воқеъбинонаи он аз ҷониби ВАО ибрози назар карданд.                  Зикр шуд, ки баргузории интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз интихоботҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Дар назар аст, ки он дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва дар доираи санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ гузаронида мешавад.                  Семинар пагоҳ кори худро идома медиҳад.

Декабрь 18, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд