НАМОИШГОҲИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар бинои муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» — и ба номи Лоиқ Шералӣ намоишгоҳи нахустини вилоятии кишоварзӣ таҳти унвони «Зардолуи Суғд» баргузор гардид. Дар намоишгоҳи мазкур 28 корхонаю муассисаи боғдорӣ ва коркарди мева, асосан зардолу иштирок намуданд. Дар он маҳсулоти корхонаҳои консервабарории ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Хуҷанд, муассисаҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, Ҷамъияти саҳҳомии «Торфи Урал» ва ғайра пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зардолу дар қисмати зиёди водии Фарғона парвариш карда мешавад. Деҳқонони ин минтақа зардолуро ҳанӯз 5 – 6 ҳазор сол пеш парвариш мекарданд. Шароити иқлими қисмати шимолии Тоҷикистон барои парвариши зардолу мувофиқ мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз сад навъи зардолу парвариш карда мешавад. Олими соҳаи кишоварзӣ Баҳодур Тошматов зикр намуд, ки масоҳати зардолузори вилоят бештар аз 34 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. То аввали моҳи декабри соли 2009 аз вилоят ба хориҷи кишвар зиёда аз 70 ҳазор тонна мева бароварда шуд, ки қариб 68 ҳазор тоннаи он зардолу мебошад. Тибқи супориши сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон то соли 2014 дар ин ҷо ба таври илова дар масоҳати бештар аз 20 ҳазор гектар зардолузор бунёд карда хоҳад шуд. Ба ақидаи мутахассисон, имрӯз қимати як килограмм зардолу дар бозори ҷаҳонӣ аз 10 то 15 доллари ИМА мебошад. Ҳол он ки зардолуи Тоҷикистон ҳамагӣ ба ивази 3 – 4 доллари ИМА фурӯхта мешавад. Сабаби паст будани қимати зардолуи Тоҷикистон сифати пасти коркард ва ба талабот мувофиқ набудани банду басти он мебошад. Айни ҳол зардолуи Тоҷикистонро асосан Қазоқистон, Русия ва Украина мехаранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






