НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ СОХТИ ТУРКИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Декабрь 24, 2009 11:24

                  Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 23 декабр дар Қасри теннис ба муносибати иди Соли Нав намоишгоҳи молҳои сохти Туркия кушода шуд. Ташкилкунандагони он Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Туркия Ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Туркия дар мамлакати мо мебошанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар намоишгоҳ бештар аз 30 ширкату корхонаҳои калонтарини Туркия, инчунин корхонаҳои «Тоҷиккристал», «Туғро Трейд» ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «Чиллик» ширкат меварзанд. Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти қаннодӣ, мебел барои меҳмонхонаҳо, гилему қолин, ҷиҳози хоб, асбобу анҷоми ороишии занона ва ғайра пешкаш карда мешавад.                    Намоишгоҳ то 26 декабр давом мекунад.

Декабрь 24, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд