НАТИҶАҲОИ АНҶУМАНИ ДАҲУМИ ҲХДТ
Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тавре хабар дода шуда буд, 26 декабр дар шаҳри Душанбе анҷумани даҳуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷуман намояндагони баъзе мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳузур доштанд. Дар анҷуман раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти 15 – солагии ҳизб ҳисобот дода, нақшаҳои ояндаи фаъолияти онро муайян намуд. Қайд карда шуд, ки ҳадафи ҲХДТ дар оянда мустаҳкамтар сохтани ваҳдати ҳизбӣ дар Тоҷикистон, бунёди системаи мукаммали сиёсӣ, ба вуҷуд овардани системаи демократӣ, ташаккул ва рушди сохторҳо ва роҳу усулҳои бунёди давлати иҷтимоӣ ва боз ҳам беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум мебошад. Дар анҷуман барномаи пешазинтихоботии ҳизб қабул карда, ба Оинномаи он тағйироту иловаҳо дохил намуда, ҳайати нави Комиссияи марказии интихоботӣ дар ҳайати 67 нафар интихоб карда шуд. Иштирокчиёни анҷуман инчунин номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро аз Ҳизби Халқии Демократӣ пешбарӣ намуданд. Онҳо Эмомалӣ Раҳмонро якдилона боз раиси ҳизб интихоб карданд. Дар фарҷоми анҷуман пленуми ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ муҳокима шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






