НАТИ&#1206А&#1202ОИ МА&#1206ЛИСИ КОМИССИЯИ БАЙНИ&#1202УКУМАТИИ ТО&#1206ИКИСТОНУ &#1178ИР&#1170ИЗСТОН

Декабрь 26, 2009 12:39

                 Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 24 — 25 декабри соли равон дар шаҳри Ӯш маҷлиси нуҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар ширкат варзиданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯза ва нақшаҳои дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон муҳокима шуданд. Дар маҷлис зикр шуд, ки ҳар ду кишвар барои ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратӣ, фаъолияти берунии иқтисодӣ ва зиёд кардани ҳаҷми хариду фурӯши мол имконияти воқеӣ доранд.                    Иштирокчиёни маҷлис қарор доданд, ки то маҷлиси ояндаи комиссияи байниҳукуматӣ мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар гузаронида шавад.                    Комиссия ба вазорату идораҳои дахлдори соҳаи саноати Қирғизистон супориш дод, ки имконияти ба Тоҷикистон фиристодани маҳсулоти корхонаҳои саноатии мамлакатро баррасӣ намояд. Ҷониби Тоҷикистон ба имзои қарордодҳои дарозмуддат дар масъалаи фиристодани ашёи хоми Корхонаи маъдантозакунии Анзоб ба Корхонаи истеҳсоли сурмаи Қадамҷои Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.                     Дар соҳаи энергетика ҳар ду ҷониб ба тарафдории амалӣ сохтани барномаҳо дар бобати сохтмони хатҳои интиқоли барқ барои фиристодани қувваи барқ ба мамлакатҳои дигар ба воситаи қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон ақида изҳор намуданд.                     Дар соҳаи нақлиёт қарор дода шуд, ки роҳи ҳавоии Бишкек- Душанбе — Деҳлӣ кушода шавад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳар ду ҷониб ба тавсиаи шабакаҳои роҳҳои мошингарду оҳан манфиатдоранд.                     Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон паймон карданд, ки бо мақсади таъмини рафту омади бехатари нақлиёти автомобил дар чаҳорсӯи роҳҳои мошингарди Исфара – Ворухи Тоҷикистон ва Кӯктош — Ӯртабӯзи Қирғизистон роҳи давродаври ҳаракати нақлиёт кушода, дар он рамзи дӯстию ҳамкории ҳар ду мамлакат «Ҳалқаи дӯстӣ» насб карда шавад.                    Дар соҳаи ҳамкорӣ дар масъалаи сарҳад ба мақомоти маҳаллии ҳар ду кишвар супориш дода шуд, ки ҳар гуна сохтмонро дар минтақаи сарҳад то аниқ муқаррар намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон манъ кунанд.                  Дар фарҷоми маҷлиси комиссия протоколи ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба созишномаи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин аз 18 майи соли 2005 имзо карда шуд.                   Маҷлиси навбатии даҳуми комиссия дар Тоҷикистон гузаронида мешавад. Вақти гузаронидани он бо роҳҳои дипломатӣ муайян ва мувофиқа карда хоҳад шуд.

Декабрь 26, 2009 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид