О. ОҚИЛОВ: «САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» МАҚСАДНОК ИСТИФОДА ШАВАНД!»
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 18 декабр таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи Шӯрои назоратии ҶСК Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур рафти корҳои сохтмонӣ, масоили вобаста ба оиннома ва сохтори идоракунии НБО «Роғун», ҷараёни маблағгузории корҳои сохтмонӣ ва тартиби ба фурӯш баровардани саҳмияҳои НБО «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар мавзеи сохтмони НБО «Роғун» мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, аз 532,5 миллион сомонии пешбинишуда, то имрӯз 512,1 миллион сомониаш ҷудо шудааст. Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат О. Оқилов ба масъулин ҷиҳати тезонидани корҳо ва сифати баланди он дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъқид намуд, ки маблағҳои аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ҷамъомада мақсаднок истифода шаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






