ОЗМУНИ ЭҶОДӢ ДАР МАВЗӮИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз Анҷумани миллии воситаҳои мустақили ахбори оммавии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳафтаномаи «Фараж» дар мавзӯи «Роғун – марзи номус» дар байни журналистон ва шоирону нависандагони мамлакат барои офаридани асарҳои беҳтарин озмун эълон менамояд. Ҳадафи озмун гузоштани саҳм дар сохтмони иншооти муҳимтарини стратегии мамлакат ва инъикоси ҷараёни сохтмони он дар саҳифаҳои матбуот мебошад, гуфт сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршед Ниёзов. Дар озмун ҳамаи воситаҳои ахбори оммавӣ новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон, журналистони радио, телевизион ва матбуот иштирок карда метавонанд, ки асарҳояшон таҳти рубрикаи «Фараж: Роғун — марзи номус» чоп шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои ғолибони озмун 3 мукофоти пулӣ пешбинӣ карда мешавад. Барои ҷои аввал 1000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 700 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 300 сомонӣ мукофот дода хоҳад шуд. Хоҳишмандон ба озмун таҳқиқоти журналистӣ, очерк ё гузориш ва шеъру сурудҳоро пешкаш карда метавонанд. Асарҳо ба озмун то 25 апрели соли 2010 қабул карда мешаванд. Натиҷаҳои озмун 3 майи соли 2010 дар арафаи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






