ПАРВАНДАИ МИРЗО ЗИЁЕВ ДАР СУДИ ОЛӢ
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноии гурӯҳӣ ғайриқонуниии собиқ қумондони саҳроӣ Мирзо Зиёевро ба истеҳсолоти худ қабул кард. Боиси ёдоварист, ки тобистони соли ҷорӣ гурӯҳи террористӣ дар натиҷаи амалиёти ғайриқонунии худ, ки мехостанд ба мақомоти маҳаллӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилии води Рашт ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом диҳанд аз тарафи кормандони низомии ВУД ва КДАМ дар як муддати кӯтоҳ торумор карда шуданд. Дар натиҷаи бархурд 11 нафар террористон, ки аз ҳисоби шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар ташкил ёфта буданд, кушта шуда, 30 нафар аъзои гурӯҳи мутаалиқ ба Мирзо Зиёев дастгир гардиданд. Аз гурӯҳи таррористони ғайриқонунӣ 60 адад яроқи оташфишон, аз қабили автомат, пулемиёт, гранатомёт, чандин ҳазор дона тир ва воситаҳои алоқаи радиоӣ мусодира гардид. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сарпрокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаҳои ҷиноии ин гурӯҳро ба анҷом расонида, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди Олӣ ирсол намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






