РӮҲИЯИ ҚАВӢ ВА МАРДУМИ БУНЁДКОР

Декабрь 28, 2009 09:21

                 Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Он чи ки тӯли 18 соли охир; — (пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, фишорҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои қудратманду тангбин, мушкилоти бартарафнашудаи ҷанги ҳамватанӣ, хунукиҳои зимистону боришҳои баҳорӣ ва норасоии барқ ҳам) иродаю рӯҳи қавии тоҷики ҳазорсоларо шикаста натавонист. Ҳамаи ин тоҷикро ба ҳам овард, онро боз ҳам муттаҳидтар сохт, азмашро қавитар намуд, бо талош барои аз нав сохтану нигоҳ доштани ватани бумиаш ва рушди иқтисоди он ба андешаҳои ватанхоҳию ватандорӣ оварда расонд. Роғунро рамзи матонату мардонагӣ, майдони кору заҳмати созанда ва ҷабҳаи кору ободии Ватан элон кард.                  Тоҷикистон , ки аз ҷиҳати захирахои энергетикӣ дар дунё ҷои намоёнро ишғол менамояд, то имрӯз ҳамагӣ 5 фоизи онро мавриди истифода қарор додааст. Ҳол он ки 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир мебошанд.                   — Сохтану ба кор андохтани нерӯгоҳҳои обӣ дар давоми 5 соли оянда имкон медиҳад, ки норасоии нерӯи барқ ба миқдори 8 – 9 млрд. кВт/ соат дар ҷумҳурӣ бароварда шуда, даҳҳо миллиард кВт/ соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шавад,- иброз дошт вазири энергетика ва саноатиҷумҳурӣ Шералӣ Гул ба мухбири АМИТ «Ховар».

Декабрь 28, 2009 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд