РАҚАМҲО ВА ҲАҚИҚАТИ БОЗОР

Декабрь 24, 2009 11:16

                 Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки соли ҷорӣ нисбат ба соли 2008 бештар ҳосили меваю картошка ба даст оварда шудааст ва ҳосилнокӣ ҳам нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст                 Бо мақсади санҷиши иттилооти додашуда ба Кумитаи омори ҷумҳурӣ муроҷиат карда шуд ва чунин иттилоот ба даст омад:Дар соли 2009 аз 11098 га замини картошка 215 ҳазору 666 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар гектар 187 сентнериро ташкил медиҳад.                 Дар бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Баракат» рӯзи санҷиши маводи ба даст овардашуда, нархи 1кг картошка 1 сомонию 80 – 1 сомонию 90 дирамро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 – 45 дирам зиёд аст.                 Саволи матраҳ ба шаҳрдорӣ ва мутасаддиёни бозорҳои шаҳр ин аст, ки чаро бо зиёд шудани истеҳсолот нархҳо дар бозор боло мераванд, ё қонуни нонавиштаи бозор ҳамин аст, Шумо чӣ мегӯед?

Декабрь 24, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд