РАҲМАТУЛЛО ЗОИРОВ ЧӢ МЕХОҲАД?
Ман бист сол мешавад, ки омӯзгорам ва ин касби пуршарафро ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳол тарк накардаам. Дар ҳоле, ки қисми зиёди ҳампешагонам ба Русия муҳоҷират карданд. Нӯши ҷонашон заҳмат кашиданд, пул ёфтанд ва ҳоло зиндагиашон сад маротиба аз зиндагии ман болотар аст. Аммо мани бадбахт, ки муаллими таърих ҳастам, натавонистам тан ба муздуриву аробакашӣ диҳам. Мумкин буд, ки дар Ватани худ аробакаш шавам, аммо бар дари миллати бегона ҳаргиз. Ман, ки аз миллати ориёӣ ҳастам, миллате, ки чандсад саҳифаи таърихи башар бо калимаи ӯ навишта шудаву аз корнамоии ӯ пур шудааст. Миллате, ки замоне империяи азими ҷањонӣ дошт. Аз ин рӯ натавонистам ва ин дар ҳадду шаъни ман набуд. Ман ҳамеша рӯзномаҳову ҳафтаномаҳоро мехонам, мақолаҳои ҷиддиву таҳлилӣ ва пажӯҳиширо мехонаму пеши худ хулоса мебарорам. Ҳадафи ман аз ин мақола чизи дигар аст. Ман мехоҳам дар мавриди бархе аз сиёсатмадорони ҳозира ақидаамро гӯям ва пайомади «андешаҳои амиқ»-и онҳоро аз нигоҳи таърих таҳлил намоям. Шояд ба ин зӯрам нарасад, вале ман кӯшиш мекунам, ки асли мақсадамро баён кунам. Таърихи халқи тоҷик пур аз хиёнат аст ва ин хиёнатро ҳама ба сабаби соддалавҳӣ, зудбоварӣ, меҳмондӯстӣ, ҷалолу камоли худро нишон додани тоҷик домангири ӯ шуданд. Садсолаҳо сухан ба кирдори бозӣ буд, ҳама зердасти араб, саршикаставу паршикаста шуда буданд, то ин, ки хонаводаи миллатдӯсти Сомониён ба қудрат расид. Ин хонавода ҳамаи корро барои сарҷамъии миллат кард, забонро давлатӣ кард, адабиёт сохт, тибро тараққӣ дод, сарзаминро аз ҳуҷуми бегонаҳо эмин дошт, аммо ба туркҳову ғузҳо такя кард ва артиши худро ба онҳо супурд. Натиҷааш маълум, давлат аз даст рафт, миллат 1000 сол дар парокандагӣ зист.Вақте Инқилоби сурх дар Бухоро ғалаба кард, тоҷикҳо боз ҳам фиреби туркҳову ӯзбакҳоро хурданд. Нафарони маълуму машҳур худро турк хонданд ва ин боис гардид, ки шаҳрҳҳои бузурге чун Тошканду Самарқанду Бухорову Хоразму Тирмизу Фарғонаву Мавр ва ғайра аз даст раванд. Аммо дар Тоҷикистон кассе пишаки халқҳои дигареро пишт намегӯяд, мо ҳанӯз ҳам тибқи русуми ниёгон бегонапарвару меҳмондӯст мондаем. Пас аз тамом шудани ҷанги бемаънии бародаркуш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Ин мард оҳиста-оҳиста миллатро наҷот дод, ваҳдати ҳамаи маҳалҳоро ба вуҷуд овард. Пештар ё кулобӣ ба помирӣ дар кучаҳо ҷанг мекард ё мастчоҳӣ хуҷандиро лату куб мекард. Ҳоло қариб 15 сол мешавад, ки аз забоне намешунавем, ки ту аз куҷо мешавӣ? Ин корро пеш аз ин роҳбарони давраи шуравии тоҷик пас аз устод Айниву Ғаффуров карда натавониста буданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон тавонист. Ҳоло дар Тоҷикистон чандин ҳизбу ҳаракатҳо дар доираи Қонун амал мекунанд, ҳар кадом ҳафтаномаю маҷаллаҳо доранд, барнома пешниҳод мекунанд, мақолаҳо менависанд, аз ояндаи миллату тараққиёти он гап мезананд, аммо даъвои холӣ! Ҳадафи асосии ҳамаи ин ҳизбҳо ба сари қудрат омадан аст. Албатта, ҳизбе, ки сидқан дар пайи боло бардоштани иқтисодиёту фарҳанги техникӣ ва мадании миллат аст, ҳақ дорад, ки худро таблиғ кунад, мубориза барад ва шаффофиятро дар интихоботҳо талаб намояд. Ин талаб бояд дар дохили Тоҷикистон сурат гирад, на дар хориҷи он. Магар боиси ҳайрат нест, ки аз ватани худ пеши бегонаҳо шикоят кунӣ, аз онҳо мадад пурсӣ? Оё бегона (англису русу ӯзбаку…) ба ту холисанд ва бе ҳадаф ёрдам мекунанд? Ҳаргиз! Ӯзбакистон ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки тоҷик зиндагии хуб дошта бошад, тараққӣ кунад, соҳиби роҳҳову нақбҳо ва НОБ-ҳо бошад. Рус намехоҳад, ки бе маслиҳати ӯ тоҷик боми хонаашро андова кунад, англис намехоҳад, ки дар Тоҷикистон рус ҳукмронӣ кунад, ӯ худро дар ин ҷо ҳоким дидан мехоҳад. Ман тарафдори Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки аз калимаи «кучак»-ро нисбати Тоҷикистон истифода бурдани атрофиён ба қаҳр меояд. Мо кучак нестем, мо бузургем ва дар ҳар ҷои дунё, ки тоҷик реша дорад ва дар он ба форсии тоҷикӣ ҳарф мезананд, мо тоҷик ҳастем. Аммо касоне, чун Раҳматилло Зоиров зоҳиран аз қонуну беҳбудии миллати тоҷик дар САҲА гап мезананду аслан мағзи гуфтори онҳо ба манфиати тоҷик нест. Ман он касро ба ҷосусии ин ё он ҷамъияту кишвар муттаҳам карданӣ нестам, лекин такрор мекунам: мағзи гапи он кас ба манфиати мо нест. Руйи сухани ман ба суҳбати он кас дар ҳафтаномаи «Фараж» (№56/163) зери номи «Раҳматилло Зоиров: Бадахшон бояд панҷ вакил дошта бошад» аст. Зоиров аз мухтор будани Бадахшону дигар шаҳру вилоятҳо гап мезанад ва хабар медиҳад, ки Бадахшонро Тоҷикистон бо истиқлол ва мухторияти комил таъмин намояд. Гапи бад нест, аммо ин мухторият дар пайи худ чӣ меорад, ба Зоиров маълум аст. Ба назари ман як ҷои заъфи дигаре, ки шояд дар ояндаҳо душманони хориҷии мо онро барои пароканда кардани миллати тоҷик ва пора кардани Тоҷикистон мумкин аст истифода кунанд, ҳамин Бадахшон мебошад. Аввал ба даҳони Зоировҳо луқмаи «мухторияти Бадахшон чаро риоя намешавад?»-ро гузошта тадриҷан ҳамин гапро маҳкам меқапанд. Сипас ба василаи хизматгорҳояшон Соросу дигар ҷамъиятҳои дар зери ниқоб «мададрасон ва башардуст» ба барангехтани низоъ шурӯъ мекунанд. Бале, Бадахшон қабл аз ҳукумати ҳозир, яъне дар замони русҳои шуравӣ мухторияти бештаре дошт, яъне аз он ҷо 5 депутат, ки аз гапи «калонҳо» намебаромаданд, интихоб мешуданд ва каме бо баҳонаи баландкуҳ будану сармои шадид маош ё ҷубронпулӣ мепардохтанд. Аммо акнун мухторият лозим нест, на ба Бадахшону, на ба Хатлон, на ба Суғду на ба дигар нуқоти Тоҷикистон. Ин сарзамин ҳамагӣ Тоҷикистон аст ва ҳар ваҷаби он бояд барои ин ном бо ҳар қимате, ки бошад, ҳифз карда шавад. То ҳол ҳама аз ваҳдату сулҳу хамбастагӣ гап мезаданду суҳбат мекарданд, аммо Шумо аз сафари Бадахшон хабари ногувори марказгурезиву норозигиро овардед ва дам аз мухторияти комил надоштани он мезанед. Шумо бо ин суҳбат ҳамон масали хориҷии «Ҷудоӣ андозу ҳукумат рон»-ро амалӣ месозед? Ман фаҳмидам, ки шумо зодаи Тошканд ҳастед, тоҷики тошкандӣ. Чаро намехоҳед аз Тоҷикистон истода барои ҳуқуқи тоҷикони Узбакистон мубориза баред? Чаро барои боло бардоштани ҳисси миллӣ ва эмин доштани забони тоҷикӣ аз нестшавии мутлақ дар он сарзамин проблема дар САҲА намебардоред? Шумо хуб медонед, ки мардуми Тоҷикистон кадрҳои маҳалии худро монда ба Шумо овоз намедиҳанд. Ин ҷо ҳатто як қишлоқ розӣ намешавад, ки вакилонаш аз қишлоқи дигар бошад, пас шумо ба кӣ такя мекунед? Ба даъвои тоҷик будан ва ё ба барангехтану омода кардани тоҷикони як вилоят барои даъвои мухторияти комил? Ман намефаҳмам, Шумову ҳамтоёни Шумо кадом корро барои ин миллат мехоҳед анҷом диҳед? Мехоҳед онро чун Амрико демократии мутлақ созед, аммо демократияи Амрикову Русияву маҷмуан Урупо ба табиату тинати мо тоҷикон ва шарқиҳо созгор нест. Демократияро ҳамин андозааш кофист, агар он мутлақ шавад, ман намедонам баъзе сиёсатмадорону мансабхоҳону давлатхоҳон ба воситаи он бар сари ин мардум чӣ хоҳанд овард. Бале, созмонҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон узви онҳост шуморо мешунаванд ва яқинан кӯмак ҳам мекунанд, аммо бовар кунед ин кумаки онҳо ба хайру манфиати тоҷик нест, чунонки проблемабардории шумо дар мавриди Бадахшон! Ман ба Шумо бовар намекунам ва бовар дорам, ки миллати тоҷик ба фиреби суханҳои барангезандаи фитнаю адовати Шумо намеафтад ва бори дигар теша ба решаи худ намезанад. Бас аст ҷаноби Зоиров! Бас аст!А. Ғуломшоевомузгори фанни таърих аз ш. Душанбе