РИШВАСИТОНИИ МУОВИНИ ФИЛИАЛИ БОНК

Декабрь 14, 2009 15:07

                  Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муовини директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродов Комил Каримович аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда, моҳи марти соли 2008 ҳангоми додани кредит ба маблағи 120 000 сомонӣ, аз шаҳрванд «О» маблағи 24 000 сомонӣ ҳамчун ҳаққи хизмат талаб карда, гирифтааст.                      Ба ҳамин монанд, моҳи июли соли 2008 Муродов К.К. ба шаҳрванд «Х» маблағи 225 000 сомонӣ дода, аз ӯ 22 500 сомонӣ маблағ талаб намуда, гирифтааст. Инчунин, ба шаҳрванд «К» бошад, маблағи зиёда аз 900.000 сомонӣ дода, 29 500 сомонӣ ришва ситонидааст.                    Дар Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нисбати Муродов К.К. аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе бо моддаи 295 қ.1 ва 279 қ.4-и Кодекси ҷиноии ҶТ паравндаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуд. Тафтишот идома дорад.   

Декабрь 14, 2009 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид