«РУКНИ ЧОРУМ» — ҲИКОЯТГАРИ ТАЪРИХИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК

Декабрь 4, 2009 15:35

                   Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рукни чорум – ин унвони китоби собиқадори матбуоти тоҷик Искандар Мирзоев аст, ки дар боби аввали он оид ба таърихи телевизиони тоҷик, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии аввалин поягузорони он, марҳалаҳои асосии Рушд ва такомули яке аз рукнҳои пуриқтидори таблиғотии сиёсати давлат бо далелу санадҳои мӯътамад ва лавҳаю хотираҳои ҷолиб, мавод дарҷ гаштааст. Дар қисми дуюми ин китоб, ки «Телевизион ва Истиқлолият» номгузорӣ шудааст, дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳа, ҷаҳду талошҳои зиёди Сарвари давлат баҳри сулҳу салоҳ, тинҷию осудагии Тоҷикистон ва саҳми радиову телевизион, ду шабакаи навтаъсиси телевизионӣ дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои мардуми тоҷик тӯли 15 соли Истиқлолият, маълумот медиҳад.                       Искандар Мирзоев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҷеъ ба таърихи таълифи китоби «Рукни чорум» ҳикоят карда, зикр намуд, ки ростӣ фикри навиштани чизе роҷеъ ба таърихи телевизиони тоҷикро надоштам. Рӯзе як собиқ наттоқ ва баъдтар муҳаррири телевизион як чиз оварда, гуфт, ки муаллим ҳаминро як маротиба хонед. Росташ як ду варақашро хондам маъқул нашуд. Гардонида дода, гуфтам ин мавод комил нест. Пас аз чанд вақт гузорам ба телевизион афтоду чанд нафар шиносону шогирдон хоҳиш намуданд, ки аксари умри шумо дар ҳаминҷо гузашту роҷеъ ба таърих ва бурду бохти ҳамин соҳа чизе нависед, зеро ҳар ки чизе менависад, лекин он қобили таваҷҷӯҳ нест.                      Ҳамин гуна як ҳафта фикр кардам, ки чизе нависам ё на, зеро ҳатто дафтарчаи қайдҳо (дневник) ҳам надоштам. Як саҳар кор омадаму навиштанро сар карда, қариб 35-40 саҳифа навиштам ва яке ба хотирам расид, ки бояд пеш аз навиштан бо касе маслиҳат кунам. Аз назди раиси Кумитаи телевизион ва радио гузаштам ва раиси кумита Асадулло Раҳмонов ваъда дод, ки агар чизи хуб барояд ҳатман дастгирӣ мекунад. Ман ба раиси кумита иттилоъ додам, ки ин китоб аз ду боб – боби якум ёддоштҳо аз телевизиони тоҷик то даврони Истиқлол ва боби дуюм телевизион ва Истиқлолият иборат хоҳад буд. Инҷо бояд саҳми раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмоновро махсус қайд намоям, ки ҷиҳати назаррас аз чоп баромадани ин китоб мусоидад намуд. Ин китоб дар тӯли 4-5 моҳ таълиф гардид.                      Искандар Мирзоев роҷеъ ба даврони фаъолияти худ дар телевизиони тоҷик нақл карда, гуфт, ки фаъолияти кории ман дар телевизион даврони интернатсионализм буд. Он вақт дар телевизиони тоҷик қариб аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Латвия ва ғайра кор мекарданд. Дигар ин ки, он вақт тамоми шоирону нависандагон ва бастакорони маъруф дар телевизион фаъолият доштанд. Аз ҷумла, адибон Асрорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Акобир Шарифӣ, Меҳмон Бахтӣ, Муҳиддин Хоҷаев ва бастакорон Толиб Шаҳидӣ, Яъқуб Сабҷаков, Талаб Сатторов ва амсоли инҳо, ки ин бевосита ба рушди минбаъдаи соҳа заминаи мустаҳкам мегузошт.                       «Ман дар ин китоб кӯшиш кардам, ки бештар номи онҳоеро ҷо диҳам, ки баҳри рушди телевизиони тоҷик як нақши муҳиме бозидаанд. Бахусус, дар китоб роҷеъ ба фаъолияти аввалин директори телевизиони тоҷик Обид Ҳомидов, аввалин сармуҳаррири телевизион Иброҳим Раҳматов ва якчанд журналистону коргардонҳои маъруфи тоҷик маълумот ва хотирот дарҷ гардидааст. Инчунин, дар бораи шахсиятҳои маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони онвақта, ки ба телевизион ҷиҳати иштирок дар барномаҳо ва ё бо сафари корӣ ташриф овардаанд, аз қабили Ҷаббор Расулов, Маҳмадулло Холов, Абдулҳақ Қаҳҳоров, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов, адибони ватаниву хориҷӣ — Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов, Кугултинову Тихонов, Нодири Нодирпур ва ғайраҳо, хотироти хешро навиштаам», — тазаккур дод нависанда.                      Собиқадори телевизион И. Мирзоев мушкилоти даврони Шӯравии телевизиони тоҷикро ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар давраи аввали фаъолияти мо сабти барномаҳо набуд. Ҳамаи барномаҳои телевизион мустақиман пахш мегардиданд. Масалан, як песаи нависандаи ӯзбек Сарвар Азимов – «Сароби хунин»-ро коргардон Қошғарӣ Мирзоев ба се соат ҷудо карда, се бегоҳ мустақиман тариқи телевизион пахш кард, ки ниҳоят кори душвор ва сангин буд. Барои песаро мустақиман пахш кардан мебоист ҳунармандон камаш як моҳ машқ (репетиция) гузаронанд, вагарна дар эфир баровардани он ғайри имкон буд.                       «Имрӯз телевизион дорои таҷҳити ҳозиразамони рақамӣ аст, ки он бевосита ба рушди ин соҳа ва то андозае осон гардидани кор мусоидат мекунад. Гуфтанист, ки ин ҳама меваи Истиқлолиятанд. Ман 43 сол дар ин соҳа собиқаи корӣ дорам ва бори аввал чунин ғамхорӣ ва дастгириро дар самти рушди телевизион аз ҷониби Сарвари давлат мебинам. Дар даврони Истиқлолият ташкили 4 телевизиони ҷумҳуриявӣ худ гувоҳи ин гуфтаҳост, зеро дар давоми 70 соли Шӯравӣ мо дорои ҳамагӣ як телевизион будем, ки он ҳам шабонарӯзӣ набуд», — гуфт И. Мирзоев.                      Гуфтанист, ки телевизион, пеш аз ҳама афкори ҷамъиятиву сиёсиро нисбат ба дигар ВАО зудтар ба вуҷуд меорад. Чун, аксарияти табақаи ҷамъият ба ин воситаи иттилоотӣ ва фароғатӣ, аз сабаби он, ки дар баробари гирифтани иттилоъ ҳамзамон рӯйдодро бо чашми худ мебинанд, таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ мӯътақид бар он аст, ки телевизион — нерӯи бузургест дар таҳкиму таъмини ваҳдат ва ягонагии миллат.                      Бале, телевизион ва радио чун дастгоҳи муқтадири идеологӣ яке аз рукнҳои муҳими тарғиботии давлату давлатдорӣ буда, дар амалӣ гардонидани фармону дастурҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии он саҳмгузор мебошад.                      Мавриди зикр аст, ки Искандар Мирзоев бештар ба эҷоди ҳикояҳои ҳаҷвӣ машғул буда, маҷмӯаи нахустини ҳикояҳои ҳаҷвияш соли 2004 бо номи «Ҳоҷии ошиқ» ба табъ расидааст. Китоби дигари нависанда–«Қиссаҳои зиндагӣ» номгузорӣ шуда, дар он мушоҳидаҳои даврони бачагию ҷавонии худи муаллиф, солҳои қаҳтию вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳикояву фелетонҳо ва саҳнаҳои барои телевизион эҷодкардаи ӯ ҷой дода шудаанд.                      Искандар Мирзоев ният дорад, ки он лаҳзаҳое, ки ҳангоми таълифи китобҳои «Рукни чорум» ва «Қиссаҳои зиндагӣ» ба ёдаш наомадаву имрӯз онҳоро сиҳёнавис кардааст, бо имкон додани вақт ин китобҳоро дубора аз сари нав бо иловаҳо чоп кунад.                     Искандар Мирзоев баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1960 ба студияи телевизиони ҷумҳурӣ ба кор омада, ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррири калон ва сармуҳаррир адои вазифа кардааст. Соли 1977 директори барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ, баъдтар муовини раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2004 ёвари раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ фаъолият намудааст.  Гуфтанист, ки китоби «Рукни чорум» барои омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олии мамлакат воситаи хуби таълимист.  

Декабрь 4, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд