РУСИЯ ИМРӮЗ НАФТ МЕФУРӮШАД ФАРДО ОБ!
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки маълум аст, Русия дар шароити имрӯза яке аз содиркунандагони калонтарини нафт дар миқёси ҷаҳон ба шумор меравад. Роҳбарони ин мамлакати дорои захираҳои фаровони нафту газ имрӯз андеша доранд, ки фардо захираҳои оби худро ба фурӯш бароварда, фоидаи калон ба даст оранд. Раиси Думаи давлатӣ Борис Гризлов 24 ноябр дар маросими ифтитоҳи анҷумани байналхалқии бахшида ба проблемаҳои таъминоти оби тоза дар Маскав изҳор намуд, ки Русия ба баррасии масъалаи содироти имконпазири об ба хориҷи кишвар шурӯъ намудааст. Вай гуфт: «Муташанниҷ гардидани масъалаи камбуди об дар ҷаҳон ояндаи наздик қимати об барин неъмати табииро ба қимати нафт, фулузоти сиёҳ ва ранга, инчунин гази табий баробар хоҳад кард. Ба андешаи ман, баъди 5 ё 10 соли оянда ба хориҷа фурӯхтани об дар Русия ҳал карда хоҳад шуд. Мамлакати мо барои ин имкониятҳои зиёд дорад. Гап дар сари он аст, ки бисёр мамлакатҳои ҳамсояи мо ба об эҳтиёҷи калон доранд», — гуфт Гризлов. Ба ақидаи муҳаққиқон, Русия аз ҷиҳати захираи оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд. Танҳо дар кӯли Байкал 20 фоизи оби тозатарини ҷаҳон мавҷуд аст. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки Русия барои фурӯхтани об ба мамлакатҳои дигар имкониятҳои калон дорад. Ҳол он ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ камбуди об баръало мушоҳида карда мешавад. Дар шароити имрӯза истеъмоли об ба ҳар сари аҳолии минтақа дар давоми сол 2800 метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки шумораи аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ то соли 2020 ба 60 миллион нафар мерасад. Дар чунин шароит, ҳаҷми истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣ то 1600 – 1700 метри мукааб кам хоҳад шуд. Мувофиқи меъёри муқаррарнамудаи СММ, ояндаи наздик масъалаи камбуди об дар Осиёи Марказӣ ба яке аз масъалаҳои ҷиддӣ табдил ёфта метавонад. Тақсими нобаробари захираҳои об дар Осиёи Марказӣ сабаби муноқишаҳои ҷиддӣ мегардад. Баъзе муҳаққиқон пешгӯӣ мекунанд, ки нарасидани об дар минтақа ҳатто ба саршавии ҷанг сабаб шуда метавонад. Дар шароити имрӯза об омили муҳими геополитикӣ гардидааст. Пешниҳод шуда буд, ки дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ созишнома имзо карда шавад. Аммо ихтилофот дар ин масъала хеле калон аст ва имконияти имзои созишнома тақрибан аз байн рафтааст. Раиси шаҳри Маскав Юрий Лужков чанд сол пеш пешниҳод карда буд, ки барои ҳалли проблемаи камбуди об ва тақсими нобаробари захираҳои об дар Осиёи Марказӣ захираи оби дарёҳои Сибир истифода бурда шавад. Лужков пешниҳод карда буд, ки дар наздикии сарҳади Қазоқистон канали калон канда, тақрибан 6 – 7 фоизи оби дарёи Обро ба воситаи Қазоқистон ба дарёҳои Ому ва Сир ҳамроҳ карда, то Баҳри Арал расондан мумкин аст. Барои сохтани чунин канал ва корҳои дигари сохтмонӣ аз 12 то 20 миллиард доллар сарф мешавад. Ба қавли Ю.Лужков, Русия 6 — 7 фоизи оби дарёҳои Сибирро ба Осиёи Марказӣ фурӯхта, даромади калон ба даст оварда метавонад. Зеро об дар Осиёи Марказӣ дар давоми асри ХХ1 аз нафт ҳам қиматтар хоҳад шуд. Дар ин маврид канали об нисбат ба нефтепроводу газопровод аҳамияти бештар пайдо хоҳад кард. Сиёсатшиносон чунин мешуморанд, ки манфиати амалӣ сохтани нақшаи пешниҳоднамудаи Лужков танҳо бо фоидаи иқтисодӣ маҳдуд намегардад. Канали оянда барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба иншооти ҳаётан муҳим табдил хоҳад ёфт. Инчунин пешгӯӣ карда мешавад, ки бо ҳамин роҳ Осиёи Марказӣ ба Русия комилан вобаста мегардад. Ин сабаби тақвияти нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ хоҳад гашт. Вале бисёр мутахассисон пешниҳоди раиси шаҳри Маскавро «хаёли хом» меноманд. Вале акнун раиси Думаи давлатӣ Б.Гризлов низ пешниҳоди Лужковро ҷонибдорӣ менамояд. Зарар ё манфиати ин қазияро оянда нишон хоҳад дод…