САҲМИ АҲЛИ ФАРҲАНГ ДАР БУНЁДИ «РОҒУН» ЧИСТ?
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 8 декабр дар Вазорати фарҳанги ҶТ бо мақсади дастгирии ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, бо иштироки тамоми роҳбарони раёсату шўъба ва муассисаҳои фарҳангии зертобеи вазорат маҷлиси васеъ доир гардид. Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ дар баромади худ қайд намуд, ки аҳли фарҳангиён метавонанд ба таври мухталиф дар ин кор саҳмгузор бошанд. Яъне, тариқи саҳнаҳои театрӣ, нашри китобу мақолаҳо ва барномаҳои консертӣ миёни мардум таблиғоту ташвиқот бояд бурд. «Роҳи дигари саҳмгузорӣ – ин харидорӣ кардани саҳмияҳо ва маблағгузорӣ кардан ба НБО «Роғун» мебошад. Ҳар нафари ғурури миллидошта бояд саҳми худро дар ин НБО гузорад, то ин ки барои фарзандони худ аз мо мероси арзанда боқӣ монад»,-тазаккур дод вазир. Аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин пешниҳоди вазир аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ ёфта, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ изҳор доштанд, ки пас аз ба фурўш баромадани саҳмияҳо аз ҳисоби даромад ва маоши худу кормандонашон саҳмия харидорӣ мекунанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






