САҲМИ ВАРЗИШГАРИ НОМӢ БА СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»

Декабрь 14, 2009 15:56

                   Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари машҳури тоҷик, барандаи ҷоизаи биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин Расул Боқиев барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 2 ҳазор сомонӣ гузаронд.                    Аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Р.Боқиев айни ҳол дар Маскав зиндагӣ мекунад. Вай аввалин варзишгари тоҷик мебошад, ки ҳамчун ватандӯст даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар сохтмони ин нерӯгоҳи бузург саҳм гузошт.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Расул Боқиев шаҳрванди Русия мебошад. Вай ба қарибӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии гӯштингирони Русия иштирок намуда, ҷои аввалро ишғол намуд ва сазовори унвони қаҳрамон гардид.

Декабрь 14, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид