САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» БА ФУРӮШ БАРОВАРДА МЕШАВАНД

Декабрь 7, 2009 16:39

                    Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон имрӯз ҳамаи саъю кӯшишро барои ҳарчи зудтар ба фурӯш баровардани саҳмияҳои «Роғун» ба харҷ медиҳад. Мутобиқи гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз рӯзҳои аввали соли 2010 ба фурӯш бароварда мешаванд. Ташкилоту муассисаҳо ва шахсоне, ки бо маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертификати махсус бо сабти номашон мешаванд. Барои ин қоғазҳои қиматнок 4 дараҷаи муҳофизатидошта пешбинӣ шудааст, то чопи саҳмияҳои қалбакӣ пешгирӣ карда шаванд. Саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молиявии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ба фурӯш пешниҳод мегарданд.                      Ҳамчунин С. Наҷмуддинов зикр кард, ки баъди ба кор даромадани нерӯгоҳ ва фоидаовар шудани он саҳмдорон аз фоидаи он баҳравар шуда, дар баробари ин ҳуқуқ доранд, ки саҳмияҳои худро бо нархи дилхоҳ ба хоҳишмандон бифурӯшанд ва ҳуқуқи харидории ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон доранд.                       Роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони сершумор, ки дар ин ҷамъомад иштирок доштанд, ба харидорӣ аз ин саҳмияҳо изҳори омодагӣ карданд ва таъкид доштанд, ки омодаанд ба хариди саҳмияњои нерӯгоҳи Роғун маблағҳои калон равона созанд.                       Аз рӯи иттилои вазорати молияи ҷумҳурӣ саҳмияҳои ҶСК НБО-и «Роғун» дар ду шакл бароварда мешаванд. Яъне, саҳмияҳои ҳуҷҷатӣ бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ, ки дар тарафи пеши он номи ҶСК НБО-и «Роғун», арзиши номиналии саҳмия, нишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расми сарбанд, обанбор ва ҷоришавии об, хатти интиқоли барқ, рақам ва силсилаҳои саҳмия, дар тарафи қафои он бошад, шартҳои барориши саҳмия дарҷ гардидааст. Саҳмияҳо чор дараҷаи муҳофизатӣ доранд, микротекст, яъне матни дида нашаванда, чопи ноаён, қоғази ҳимояшаванда, чопи линзоветӣ, яъне бо асбоби махсус дида мешавад.                       Сертификати саҳмияҳо бошад, ғайриҳуҷҷатӣ буда, хариди онҳо аз тарафи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин аҳолие, ки аз 5000 сомонӣ зиёд харидорӣ менамояд, амалӣ гардида, аз ҷониби Вазорати молия таввасути номнависӣ ба қайд гирифта мешавад.                         Афзалият ва ҷолибии саҳмияҳои НБО-и «Роғун» ва ҳуқуқи саҳмдорони он, пеш аз ҳама дар он аст, ки саҳмдорон метавонанд баъди ба истифода додани агрегатҳои аввали он дар мӯҳлати наздик аз фоидаи он дивиденд, яъне даромад гиранд.                        Ин даромадҳо аз рўзи аввали ба истифода додани иншооти мазкур ҳисоб карда шуда, пардохти дивидендҳо аз тарафи Шӯрои нозирони ҶСК НБО-и «Роғун» кафолат дода мешавад.                         Дивиденди саҳмияҳо аз фоидаи софи ҶСК НБО-и «Роғун» бо пули нақдӣ ва ё ғайринақдӣ бо хоҳиши саҳмдорон пардохта мешаванд. Саҳмдорони ҶСК «НБО-и Роғун» ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаи умумии саҳмдорон ҳангоми баррасии масъалаҳои дигар низ барои овоздиҳӣ иштирок намоянд.                        Дар оянда саҳмияҳои ҶСК НБО-и «Роғун» дар бозори такрории коғазҳои қиматнок аз тарафи дорандагони он тавассути Биржаи Фондӣ озодона хариду фурӯш карда мешавад. Инчунин дорандагони саҳмияҳо метавонанд саҳмияҳоро ҳамчун воситаи гарав барои ҷалби сармоя истифода баранд. Сохтмони иншооти мазкур аз сифр оғоз нагардида, балки корҳои сохтмонӣ дар он алакай қариб 60 фоиз иҷро гардидааст ва дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода дода мешавад, ки саҳмдорон метавонанд аз ин фоида ба даст оранд.                       Дар байни аҳолӣ паҳнкунии саҳмияҳо ба андозаи то 5 000 сомонӣ тавассути додани саҳмияҳои ҳуҷҷатӣ ва паҳнкунии саҳмияҳо ба маблағи зиёда аз 5 000 сомонӣ тавассути додани сертификат амалӣ мегардад. Фурўши саҳмияҳо ба тариқи нақдӣ ва ғайри нақдӣ амалӣ карда мешавад.                       Дар давоми шашмоҳи охири соли ҷорӣ барои идомаи корҳои сохтмонии НБО «Роғун» аз буҷети давлат 100 миллион доллари ИМА равона шудааст. Бино ба иттилои Вазорати молияи кишвар бо ин мақсад соли 2010 нисбат ба соли 2009-ум 22 фоиз зиёдтар маблағ барои корҳои сохтмонии НБО «Роғун» равона мегардад. 

Декабрь 7, 2009 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст