СА&#1202МИЯ&#1202ОИ «РОҒУН» ТАНҲО БА ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ФУР&#1262ХТА МЕШАВАНД

Декабрь 2, 2009 14:36

                  Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад.                      Аҳли кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар қатори мардуми некхоҳи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар давоми соли 2010 ҳар моҳ якрӯза маоши хешро ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузаронанд. Дар баробари ин, ҳар як корманди Агентӣ аз рӯи тавонаш ба маблағи накамтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои ин нерӯгоҳро харидорӣ хоҳад кард.                     Мавриди зикр аст, ки ҳар як саҳмдор баробари ба кор даромадани НБО «Роғун» ва фоидаовар шудани он метавонанд саҳмияҳои худро супурда, маблағҳояшонро бо фоидааш пас бигиранд ва ё минбаъд ҳам худ ё фарзандонашон бо тамоми ҳуқуқу масъулият саҳмдори ин нерӯгоҳ боқӣ монда, пайваста аз фоидаи он баҳравар бошанд.                      Гуфтанист, ки саҳмияҳои НБО «Роғун» танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, то ки ин иншооти дорои аҳамияти стратегӣ фақат моликияти давлат ва мардуми Тоҷикистон бошад.

Декабрь 2, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд