САФАРИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ РОҲБАРИ ПЕНТАГОН БА КОБУЛ
Кобул, 8 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс субҳи имрӯз ғайричашмдошт ба пойтахти Афғонистон – Кобул сафар кард. Дар бораи сафари ӯ қаблан хабар дода нашуда буд. Вазири мудофиаи ИМА дар ҳавопаймо зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар Кобул бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот хоҳад кард. Яке аз ҳадафҳои сафари Р.Гейтс ба Афғонистон ва мулоқоти ӯ бо Ҳ.Карзай андешидани тадбирҳо барои тақвияти мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ дар мақомоти ҳукуматии Афғонистон мебошад. Мо мушоҳида хоҳем кард, ки Ҳ.Карзай ба вазифаҳои асосии ҳукуматӣ киҳоро таъин менамояд. Барои мо муҳим аст, ки ба вазифаҳои ҳукуматӣ шахсони фаъолу кордон ва бовиҷдон таъин карда шаванд, гуфт Р.Гейтс. Тибқи нақша президенти Афғонистон аъзои ҳукуматро имрӯз эълон хоҳад кард. Роберт Гейтс нахустин намояндаи маъмурияти ИМА мебошад, ки баъди эълони нақшаи фиристодани 30 ҳазор хизматчии ҳарбии иловагӣ ба Афғонистон сафар кардааст. Тибқи нақшаи қабулнамудаи Б.Обама дар давоми нимаи аввали соли 2010 ба Афғонистон боз 30 ҳазор аскару афсари хориҷӣ фиристода мешавад. Бо ҳамин шумораи хизматчиёни ҳарбии ИМА ва иттифоқчиёнаш дар ин мамлакат ба 100 ҳазор нафар мерасад. Ҳоло дар ин ҷо тақрибан 70 ҳазор аскару афсари хориҷӣ ҷой дода шудааст. Р.Гейтс зикр намуд, ки зимни мулоқоташ бо вазири мудофиаи Афғонистон Раҳими Вардак масъалаҳои иҷро кардани нақшаи президенти ИМА ва вазифаҳои қисмҳои ҳарбии иловагӣ муайян карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






