САМАРАИ АМАЛӢ СОХТАНИ ҚОНУН
Маскав, 4 декабр. (АМИТ «Ховар» — регнум.ру). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш дар яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар маросими тӯйи хатнаи фарзандони оилаҳои камбизоат зикр кард, ки баъди қабули Қонун дар бораи танзими расму анъана ва маросимҳо дар мамлакат қариб 1 миллиард доллари ИМА сарфа карда шуд. Ба қавли ӯ, дар давоми дую ним соли амали қонуни мазкур ба туфайли кам кардани хароҷоти беҳуда ва барҳам додани расму оинҳои зиёдатӣ вазъи молиявии зиндагии шаҳрвандони мамлакат хеле беҳтар гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми пасандози аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз афзуд. Фоидаи дигари амалӣ сохтани қонун ҳамин аст, ки солҳои охир миқдори тӯю маросимҳо ва ҷамъомадҳои гуногун хеле афзуд. Акнун ҷавонони мамлакат имконият пайдо карданд, ки ба осонӣ ва бе хароҷоти иловагӣ хонадор шаванд. Мувофиқи маълумоти омор, дар давоми нӯҳ моҳи соли равон бештар аз 95 ҳазор маъракаи тӯй баргузор гардидааст. Барои гузаронидани ин қадар маърака ҳамагӣ 260 миллион сомонӣ сарф карда шуд, ҳол он ки солҳои пеш аз қабули қонун барои гузаронидани онҳо бештар аз 640 миллион сомонӣ сарф мешуд. Инчунин солҳои охир зимни гузаронидани маъракаҳои гуногун миқдори куштани чорво чандин маротиба коҳиш ёфт. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, баъди қабули қонун дар миқёси ҷумҳурӣ 3 миллиарду 370 миллион сомонӣ сарфа карда шудааст, ки ин тақрибан ба як миллиард доллари ИМА баробар аст. Тасодуфӣ нест, ки таҷрибаи Тоҷикистонро дар бобати танзими расму оинҳои миллӣ бисёр мамлакатҳои ҳамсоя ва дуру наздик меомӯзанд, гуфт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






