САРДОРИ НАВИ ГУРӮҲИ ЗУДАМАЛИ МАРЗБОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 30, 2009 14:31

                   Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Бо фармони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев полковник Михеев Анатолий Дмитриевич сардори гурӯҳи зудамали марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа генерал – майор Василий Василйевро иваз намуд, ки чанд рӯз пеш ба ҷои нави хизматаш рафт.                    Полковник Михеев Анатолий Дмитревич соли 1959 дар Ҷумҳурии Қазоқистон таваллуд шуда, соли 1982 Омӯзишгоҳи олии қумондонони ҷузъу томҳои марзбони ордени Байрақи сурхдори Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Дзержинский, соли 1993 Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе ва соли 2003 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русияро хатм кардааст.                  Мавсуф дар ҷузъу томҳои марзбон дар сарҳадҳои Эрон, Финляндия, Афғонистон ва баъдан дар Дастгоҳи марказии Раёсати марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия хизмат намудааст.                    А.Михеев дар давоми солҳои 1993 – 1997 сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар гурӯҳҳои марзбони Хоруғ, Қалъаи Хум ва Раёсати гурӯҳи артиши марзбони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳимоя кардааст.                    Ӯ дорандаи мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ мебошад.

Декабрь 30, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд