САРДОРИ НАВИ ГУРӮҲИ ЗУДАМАЛИ МАРЗБОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Бо фармони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев полковник Михеев Анатолий Дмитриевич сардори гурӯҳи зудамали марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа генерал – майор Василий Василйевро иваз намуд, ки чанд рӯз пеш ба ҷои нави хизматаш рафт. Полковник Михеев Анатолий Дмитревич соли 1959 дар Ҷумҳурии Қазоқистон таваллуд шуда, соли 1982 Омӯзишгоҳи олии қумондонони ҷузъу томҳои марзбони ордени Байрақи сурхдори Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Дзержинский, соли 1993 Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе ва соли 2003 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русияро хатм кардааст. Мавсуф дар ҷузъу томҳои марзбон дар сарҳадҳои Эрон, Финляндия, Афғонистон ва баъдан дар Дастгоҳи марказии Раёсати марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия хизмат намудааст. А.Михеев дар давоми солҳои 1993 – 1997 сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар гурӯҳҳои марзбони Хоруғ, Қалъаи Хум ва Раёсати гурӯҳи артиши марзбони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳимоя кардааст. Ӯ дорандаи мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






