ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ОВОЗ МЕДИҲАНД
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 27 декабри соли 2009 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботи Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии мамлакат ва интихоботи Шӯроҳои вакилони мардумии вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо баргузор мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқи конститутсионӣ доранд, ки дар интихоботҳои мазкур ширкат варзида, ба тарафдории номзадҳояшон овоз диҳанд. Бо ин мақсад дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе қитъаи интихоботӣ кушода шуд, ки аз соати 9 то соати 18 кор мекунад. Аз сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар интихобот бештар аз 50 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард. Ба ин ҳисоб донишҷӯён ва шаҳрвандоне дохил намешаванд, ки барои кор ба Тоҷикистон омадаанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






