СИЁСАТИ ЗИДДИБУҲРОНИИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Декабрь 7, 2009 09:49

                  Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова) — Рӯзҳои 7-8 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаато Конфронси СММ бо иштироки вазирони кишварҳои Аврупои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Туркия оид ба сиёсати зиддибуҳронӣ дар минтақа баргузор мегардад. Конфронс бо ташаббуси сохторҳои зертобеи СММ, аз ҷумла Созмони байналмиллалии меҳнат, Бунёди кӯдакона (ЮНИСЕФ), Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО), Барномаи рушди СММ (ПРООН) ва дастгирии Ҳукумати Қазоқистон гузаронида мешавад.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» намояндаи Созмони байналмиллалии меҳнат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Олга Богданова иттилоъ дод, дар ҳамоиш вазирони меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони вазоратҳои молия ва кишоварзӣ аз мамлакатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва молиявии ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмидддинов намояндагӣ мекунад.

Декабрь 7, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд