СМЕТАИ ХАРОҶОТИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ЧАНД СОМОНӢ АСТ?
Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он сметаи хароҷот барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 5 миллиону 443 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасдиқ гардид. Дар ҷаласа намуна ва шаклҳои ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муқаррар намудани шакл ва ҳаҷми ягонаи плакати иттилоотии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ плакатҳои иттилоотии ҳар як номзад ба вакилӣ набояд аз ҳаҷми варақи форматаш А3 зиёд бошад. Инчунин, дар палакати иттилоотии ҳар як номзад маълумот дар бораи тарҷумаи ҳоли номзад, сурати ҳаҷмаш 9х12 ва барномаи пешазинтихоботии номзад сабт карда мешавад. Ҳамзамон, дар ҷаласа гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ доир ба таъмини фаъолияти нозирони хориҷӣ ташкил карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






