СОЛИ 2010 СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГУНОГУНРАНГИИ ҲАЁТИ ЗИНДА ЭЪЛОН ШУД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лудмила Дубинина). — Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул намуда, соли 2010 – ро Соли гуногунрангии ҳаёти зинда дар рӯи Замин эълон кард. Бо ҳамин, Созмони Милал таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба зарурати муҳофизат ва истифодаи оқилонаи табиати Сайёра, муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди мамлакатҳо барои нигоҳ доштани низоми экологии ҷаҳон ва ҳифзи сарватҳои махсусан пурбаҳои табиат ҷалб хоҳад кард. Истифодаи аз ҳад зиёди оби тоза, масрафи калони захираҳои энергетикӣ, буридани ҷангалзор, усулҳои имрӯзаи парвариши зироат ва намудҳои дигари фаъолияти инсон ба муҳити зист таъсири харобиовар расонда, сабаби нобуд гардидани навъу намудҳои гуногуни ҳаёти зинда мегардад. Имрӯз ба бештар аз 7 ҳазор навъу намуди ҳайвонот ва қариб 60 ҳазор навъи наботот хавфи нобудшавӣ таҳдид менамояд. Маҷмаи кулли СММ дар робита ба ҳамаи давлатҳои аъзои созмон тавсия медиҳад, ки барои гузаронидани Соли байналмилалии гуногунрангии ҳаёти зинда аз ҷумлаи намояндагони миллатҳои таҳҷоӣ, ҷамъиятҳои маҳаллӣ кумитаҳои миллӣ ташкил намуда, ин санаи муҳим ботантана таҷлил карда шавад. Соли 2010 дар ҷараёни иҷлосияи 65 – уми Маҷмаи кулли СММ мулоқоти якрӯзаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо гузаронида мешавад. Зимни мулоқот масъалаи дохил кардани мавзӯи бақои гуногунрангии ҳаёти зинда ба рӯихати Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баррасӣ карда хоҳад шуд. Танҳо котиботи СММ бахшида ба ин масъала қариб 40 чорабиниро ба нақша гирифтааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






