СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАЪВОИ ҲНИТ-РО РАД КАРД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 8 декабр таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махкам Маҳмудов дар Суди конститутсионии ҶТ парванда аз рӯи дархости Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мувофиқати қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон» ва Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2009 таҳти №122 ба қисми 7 моддаи 49 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид, ки дар кори он намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар Суди Конститутсионӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар Суди конститутсионӣ, инчунин намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлияи ҶТ ва ВАО иштирок намуданд. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қapop кард, ки қисми чоруми моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он «агар аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон камаш як сол пеш аз катъи ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ваколаташ катъ шуда бошад, интихоботи нави аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакили ваколаташ катъгардида гузаронида намешавад» ва умуман моддаи 57 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 49 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ мутобиқ мебошад. Суди конститутсионӣ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 25 майи соли 2009 низ ҳаматарафа таҳлил намуда, бинобар ба салоҳияти Суди конститутсионӣ мансуб набудани баррасии масъалаи мазкур мурофиаи судии конститутсиониро қатъ намуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






