ТАҶЛИЛИ 135 – СОЛАГИИ НАХУСТИН ДИПЛОМАТИ ТОҶИК ДАР ОЛМОН

Декабрь 18, 2009 09:00

                    Берлин, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Моҳи январи соли оянда дар Донишгоҳи Гумболдти Олмон ба муносибати 135 – солагии нахустин дипломати тоҷик, адиби маъруф, ташкилкунандаи нахустин нашрияи инқилобӣ дар Осиёи Марказӣ Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим конфронси илмии байналхалқӣ баргузор мегардад. Ташкилкунандагони конфронс сафорати Тоҷикистон дар Олмон, вакилони Бундестаг, омӯзгорони Донишгоҳи Гумболдт, ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ва Бунёди хайрияи «Савоб» мебошанд. Дар конфронс олимони 17 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, олимони тоҷик иштирок хоҳанд кард.                     Муассиси Бунёди хайрияи «Савоб» Олимҷон Бурҳонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳадафи конфронс қадрдонӣ аз саҳми калон ва хизматҳои Абдулвоҳиди Мунзим ва ташвиқу тарғиби адабиёти қадимаи тоҷик мебошад. О.Бурҳонов зикр кард, ки дар Берлин дар хонае, ки А.Мунзим ҳамчун сафири Ҷумҳурии Шӯравии Бухоро истиқомат мекард, осорхона кушода мешавад.

Декабрь 18, 2009 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд