ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ

Декабрь 29, 2009 15:29

                  Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Муншии умумии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов имрӯз бо ҳайати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон таҳти роҳбарии Ҳусайни Розӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот нақшаҳои ҳамкории дуҷониба муҳокима шуданд.                   З.Муҳаббатов ба меҳмонон пешниҳод кард, ки ба маҳалҳо рафта бо фаъолияти шӯъбаҳои ҷамъият шинос гардида, нақшаҳои ҳамкориро муайян намоянд.                   Соли гузашта зимни сафари З.Муҳаббатов ба Эрон дар бораи кушодани як шифохона дар Душанбе мувофиқа карда шуда буд. Акнун намояндагони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари ҳар ду кишвар паймон карданд, ки таҷрибаи ҳамдигарро омӯхта, ба такмили ихтисоси хоҳарони шафқат кӯмак расонда, дар Тоҷикистон истироҳатгоҳҳо ташкил кунанд.                   Сафари меҳмонони эронӣ дар Тоҷикистон то 4 январ давом мекунад.

Декабрь 29, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд