ТОҶИК ҚОТИЛ НЕСТ
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 3 декабри соли ҷорӣ дар сомонаҳои интернетӣ хабаре паҳн шуда буд, ки гӯё як нафар марди тоҷик дар шаҳри Маскав худ ва ду фарзанди хурдсолашро ба қатл расонидааст. Бо мақсади муайян кардани ҳодиса намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ШКД -и ноҳияи Северное Измайловои ш. Маскав муроҷиат кард. Дар асоси маълумоти расмии сардори ШКД -и ноҳияи мазкур подполковник Никишин В.Н. ва муовини роҳбари шӯъбаи тафтишотии Раёсати тафтишотии назди Прокуратураи Федератсияи Русия оид ба шаҳри Маскав Шатеев П.Е. муайян карда шуд, ки шаҳрванди Федератсияи Русия: Воҳидов Олимҷон Ходилович, соли таваллуд 1956, миллаташ ӯзбек, зодаи ноҳияи Уйҷини вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳангоми қарор доштанаш дар шаҳри Маскав кӯчаи Паркова -11, хонаи 52, ҳуҷраи 62 бо корди барои ошхона пешбинишуда писараш: Воҳидов Алӣ Олимҷонович, 2000 соли таваллуд ва духтараш Воҳидов Фотима Олимҷоновна, соли таваллудаш 2002, ба қатл мерасонад. Оид ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда тафтишот идома дорад. Айни ҳол муайян карда шудааст, ки қотил соли 1986 барои қатл кардани ҳамсари аввалааш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» намояндаи матбуотии Хадамоти муҳоҷирати ВКД -и ҶТ дар Русия Дилбар Хоҷаева иттилоъ дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






