ТОҶИКИСТОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ГАЗ ХОҲАД ГИРИФТ

Декабрь 5, 2009 10:07

                    Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих) – Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» оид ба харидории гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2010 бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ музокира мекунанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз идораи ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, айни ҳол ба номи роҳбарияти ҶС «Узтрансгаз» номаи расмӣ оид ба ҳаҷм ва нархи газ ирсол шудааст.                     «Ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки соли 2010 400 миллион кубометр гази Ӯзбекистонро харидорӣ кунад. Яке аз масъалаи муҳим дар ин додугирифт муайян кардани нархи газ мебошад,- гуфт сарчашма. – Нархи газ вобаста ба нархи маҳсулоти нафтӣ дар ҷаҳон муайян карда мешавад, хамчунин дар ин маврид нархгузориҳои минтақавӣ низ амал мекунанд, ки нисбат ба нархи ҷаҳонӣ арзонтар хоҳад буд».                      Ҳоло ба мамлакат аз кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми 8 ҳазор куб. газ дар як соат интиқол дода мешавад, ки 75 фоизи он барои эҳтиёҷоти Корхонаи арзиз сарф мегардад.                       Мувофиқи ҳисоботи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол ба мамлакат 188, 7 миллион кубометр газ дар ҳаҷми 45, 3 миллион доллари ИМА ворид карда шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 53, 4 фоиз кам мебошад.

Декабрь 5, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид