ТОҶИКИСТОН ТАРАФДОРИ ПУРРА ТОЗА КАРДАНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ МИНА МЕБОШАД !

Декабрь 4, 2009 14:25

                 Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз 29 ноябр то 4 декабри соли равон дар шаҳри Картахени Колумбия конфронси дуюми байналхалқӣ бахшида ба ҷараёни иҷрои Муоҳидаи манъи истифодаи минаҳои зидди пиёдагардон баргузор гардид. Дар доираи конфронс дар мавзӯи «Ҷаҳонро аз мина озод кунем» машварат гузаронида шуд. Дар он намояндагони баландпояи мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла ноиби Президенти Колумбия, Маликаи Белгия Астрид, валиаҳди Урдун Мурид, вазирон, муовинони вазирон ва мансабдорони воломақоми давлатҳои иштирокдори Муоҳидаи Оттава ширкат варзиданд.                  Дар конфронси мазкур ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров иштирок дошт. Ба ҳайат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа ва Маркази безарар гардонидани минаҳо дар Тоҷикистон шомил буданд.                    Б.Худоёров дар конфронс аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард. Вай дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар бораи амалӣ сохтани Муоҳидаи Оттава дар давоми солҳои гузашта, саҳми Тоҷикистон дар амалӣ сохтани муоҳида сухан ронда, нақшаи тадбирҳои Картахенро барои солҳои 2010 – 2014 дастгирӣ намуд. Вазири адлия таваҷҷӯҳи иштирокчиёни конфронсро ба проблемаи минаҳо ҷалб намуд, ки имрӯз дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба миён омадааст.                   «Минаҳои дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон гузоштаи силоҳбадастони Ӯзбекистон ба аҳолӣ ва иқтисодиёти минтақаҳои наздисарҳадии мамлакат зарари калон расонданд. Аз соли 1999 то имрӯз дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бар асари таркиши мина 161 нафар осеб дид. Аз ин ҷумла 74 нафар ҳалок ва 87 нафар маҷрӯҳ шуд. Аз ҷумлаи маҷрӯҳшудагон 14 нафар бачагон ва 6 нафар занон, аз ҷумлаи ҳалокгардидагон 15 нафар бачагон ва 4 нафар занон мебошанд. Минаҳои зидди пиёдагард имрӯз ҳам ба ҳаёти сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ таҳдид менамоянд. Мутаассифона, таркиши онҳо имрӯз ҳам давом дорад. Соли равон дар натиҷаи таркиши мина ду нафар ҳалок шуд», — гуфт Б.Худоёров.                     Вазир Созмони Милал ва ҷомеаи ҷаҳонро даъват кард, ки ба ташвишу изтироби Тоҷикистон дар масъалаи мавҷудияти миназорҳо дар минтақаи сарҳад ва осеб дидани одамон бар асари таркиши онҳо шарик шаванд.                    «Бигузор, ҳар таркиши мина дар сарҳади давлати минтақа, ки сабаби ҳалокати одамони бегуноҳ мегардад, дили онҳоеро ба ларза орад, ки ин минаҳоро гузоштаанд», — изҳор намуд Б.Худоёров.                   Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирокдори ҳамаи ҳуҷҷатҳои байналхалқии марбут ба эҳтироми ҳуқуқи инсон ва узви бисёр созмонҳои минтақавию байналхалқӣ буда, изҳор карда буд, ки ба принсипҳои асосии эҳтироми ҳуқуқи инсон риоя хоҳад кард. Ин ҳуҷҷатҳо ва созмонҳо ҳуқуқи инсонро ба зиндагӣ эътироф менамоянд. Ин бояд ба зиммаи давлатҳо дар бобати таъмини амният, бехатарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ масъулияти муайян гузорад.                   Тоҷикистон ҷонибдори аз мина пурра тоза кардани тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Мо дар робита мамлакатҳои минтақаро даъват менамоем, ки ба Муоҳидаи Оттава ҳамроҳ шуда, барои тоза кардани тамоми минтақа аз мина ва ҳалли масъалаҳои ба ин вобаста якҷоя тадбирҳо андешанд», — гуфт дар хотима вазири адлияи Тоҷикистон.                   Б.Худоёров баъдан ба эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони «Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина» имзо кард. Дар он давлатҳои иштирокдори Муоҳидаи Оттава вазифадор мешаванд, ки тамоми минтақаҳои мамлакатҳояшонро аз мина тоза карда, ба азобу уқубат ва маҳрумияти одамон бар асари таркиши минаҳо хотима гузоранд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми конфронс дархости Тоҷикистон дар бораи даҳ соли дигар дароз кардани мӯҳлати тоза кардани минаҳо дар қаламрави мамлакат қонеъ гардонида шуд.                    Дар конфронс Нақшаи тадбирҳои Картахен барои солҳои 2010 – 2014 дар масъалаи андешидани тадбирҳо барои безарар гардонидани минаҳо қабул гардид.                     Ҳайати Ҳукуматии Тоҷикистон дар фарҷоми конфронс зикр намуд, ки мулоқоти Картахен барои тамоми башарият аҳамияти бузург дорад. Мулоқот нишон дод, ки ҳамаи мамлакатҳо тайёранд қувваю имкониятҳои худро барои барҳам додани миназорҳо ва наҷот додани одамон аз онҳо сафарбар намоянд. 

Декабрь 4, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд