ТОҶИКОНИ СОКИНИ РУСИЯ МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони сафоратхона қарор додаанд, баъди ба фурӯш баровардани саҳмияҳои НБО «Роғун», онҳоро харида, инчунин барои сохтмони нерӯгоҳ маблағ ҷудо кунанд. Кормандони сафоратхона тоҷикони сокини Русия ва коргарони муҳоҷирро даъват менамоянд, ки муроҷиатномаи Сардори давлатро дастгирӣ намуда, дар сохтмони НБО «Роғун» саҳм гузоранд. Тибқи хабарҳои расида, рӯзҳои охир шумораи зиёди коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба сафоратхона муроҷиат намуда, изҳор мекунанд, ки бо роҳи харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» дар сохтмони ин иншооти бузург саҳм гузоштанианд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






