ВАЗЪИ КИТОБХОНАҲО ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?
Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияи иттилоотӣ»- таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ нишасти илмӣ баргузор шуд, ки дар он мудирони китобхонаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Иштирокдорони нишаст мавзӯъҳои мубрами рушди китобхонаҳоро дар шароити ҷаҳонишавӣ аз ҷумла, масъалаҳои ҳифзу нигаҳдорӣ ва тармими китобҳои нодир, истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, тафовути китобҳои чопӣ аз китобҳои электронӣ ва рушди китобдориро дар ҷумҳурӣ баррасӣ карданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни нишаст як гурӯҳ кормандони китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ роҷеъ ба вижагиҳои такмили фонди китобӣ дар китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






