ВЕТЕРАНҲОИ ҶБВ АЗ ҶТ ДАР РАСМИ ГУЗАШТИ ИДОНАИ ҒАЛАБА ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Декабрь 2, 2009 17:11

                   Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷон Қудратов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз Тоҷикистон дар расми гузашти идонаи бахшида ба 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пойтахти Федератсияи Русия 5 нафар иштирок хоҳанд кард. Расми гузашти идона моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.                     Р.Қудратов зикр намуд, ки ветеранҳои ҷанг аз Тоҷикистон дар маҷлиси раёсати Шӯрои ҳамоҳангсози «Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии ветеранҳои давлатҳои мустақил» ба расми гузашти идона даъват карда шуданд. Инчунин дар ҳамин маҷлис Қарори махсус ва муроҷиати Иттиҳоди байналхалқии нафақахӯрони ИДМ дар бораи таҷлили ботантанаи 65 – солагии Ғалаба қабул карда шуданд. Дар ин ҳуҷҷатҳо тавсия дода мешавад, ки барои таҷлили иди Ғалаба дар ҳар мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.                     Дар маҷлиси мазкур намояндаи Тоҷикистон, раиси Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ Р.Қудратов дар бораи фаъолияти созмонҳои ветеранҳо ва собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.

Декабрь 2, 2009 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд