ЯРМАРКАИ СОЛИНАВИИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ»

Декабрь 29, 2009 14:35

                  Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Одат шудааст, ки ҳамасола дар арафаи Соли нав дар тамоми бозорҳои ҷумҳурӣ нарҳи маводи ғизоӣ боло бардошта мешавад. Бар хилофи ин, иттифоқи «Тоҷикматлубот» эълон дошт, ки рӯзи 29 – уми декабр дар бозори «Қарияи боло» намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад, ки нархи маҳсулот нисбат ба бозорҳои дигар 30 -40 фоиз арзон аст.                   Хабарнигори АМИТ «Ховар» барои рӯшанӣ андохтан ба иттилооти додашуда вориди бозори мазкур гардида, таассуроташро чунин баён дошт: — Ҳанӯз сӯбҳ надамида, харидорон вориди бозор гардиданд, то аз маводи ғизоии ба бозор овардашуда чизи заруриашонро бенавбат ва бо нархи арзон ба даст оранд, аммо ҳайҳот, ки чунин нашуд. Фурӯшандаҳо то соати 8 пештахтаҳоро гузошта, болояшонро бо маҳсулоти овардаашон, ки аз гӯшт, картошка, карам, шалғам, пиёз, каду, биринҷ, себу нок ва маҳсулоти консервакардашуда иборат буд, бо тартиб чинда, омадани кормандони масъули ин идораро интизор шуданд, то онҳо нархро муайян кунанд.                    То омадани раису ҳамроҳонаш як нафар, ки худро муаррифӣ накард, назди ҳар фурӯшанда омада хоҳиш мекад, ки маҳсулоташонро бо нархи муайян кардаи ӯ то рафтани комиссия тағйир надиҳанд, аммо чун ин «пешкор» аз назди фурӯшандаҳо дур мешуд ё нархнома гум мешуд ва ё фурӯшанда маҳсулоташро савдо намекард. Нархи маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда ғайр аз сабзӣ ва биринҷ, ки мутаносибан 40 дирам ва 4 – 5 сомонӣ буд аз дигар бозорҳо куллан фарқ надошт, мо инро чун як ҳазли солинавии иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои муштариёнаш қабул кардем.

Декабрь 29, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад