ЗАНОН ТАШАББУСҲОИ САРДОРИ ДАВЛАТРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

Декабрь 24, 2009 11:21

                  Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – 22 декабр дар Коҳи Ваҳдат мулоқоти занони аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он мавзӯи «Нақши занон дар татбиқи сиёсати ҳизб ва ҳукумат таҳти роҳбарии раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар бобати таҳкими пояҳои демократии ҷомеа» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин ҷамъомад намояндагони Ҳизби халқии демократӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.                    Муовини аввали раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Шуҷоат Ҳасанова, раиси Кумитаи масъалаҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат Хайринисо Юсуфӣ, мудири шӯъбаи масъалаҳои занони Дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ Мӯҳтарама Қаюмова ва дигарон дар бораи сиёсати давлату ҳукумат дар бораи баробар кардани ҳуқуқи зану мард, амалӣ сохтани фармони Президент дар бораи афзунтар гардондани нақши занон дар ҷомеа, одилонаю шаффоф гузаронидани интихоботи парлумон ва масъалаҳои дигар сухан ронданд.                    Аз ҷумла, Ш.Ҳасанова ба масъалаҳои рушди фаъолияти парлумон ва иштироки аъзои ҲХДТ дар омода сохтану қабул намудани қонунҳои нав сухан ронда, занони мамлакатро даъват намуд, ки дар маъракаи интихобот фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории вакилони мардумӣ аз ҳизби мазкур овоз диҳанд.                       Иштирокчиёни мулоқот муроҷиати Сардори давлатро ба аҳолии мамлакат дар масъалаи сохтмони НБО «Роғун» якдилона дастгирӣ намуданд. Онҳо аз номи занони аъзои ҳизб ба тамоми мардуми Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карда, даъват намуданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузоранд. 

Декабрь 24, 2009 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд