1,5 МЛН. ЕВРО ТОҶИКИСТОН ПЕШПАРДОХТ КАРДААСТ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар фаъолияти КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» риштаи молиявию хоҷагӣ ҷанбаи басо муҳим ба шумор меравад. Маълумотҳои фаврии соли 2009 нишон медиҳанд, ки фоидаи умумии фурӯдгоҳ дар ин давра беш аз 67 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба буҷети ҷумҳурӣ дар ин давра 26,9 миллион сомонӣ маблағ гузаронида шудааст, чунин қайд кард дар нишасти матбуотӣ, муовини аввали директори генералии КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳудуди КВД «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе бо мақсади пурзӯр кардани амнияти авиатсионӣ сохтмони бунгоҳи назорати гузаргоҳӣ (БНГ) барои аз муоина гузаронидани кормандони фурӯдгоҳ, ҳайати сарнишинони (экипажи) тайёраҳо, ҳамчунин кормандони вазорату идораҳо анҷом ёфт. Вуруд ба ҳудуди «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи талаботи стандартҳои байналхалқии амнияти авиатсионӣ тавассути насбсозии таҷҳизоти нав (васоити муоина, системаи мушоҳидаю сабти видеоӣ, алоқаи радиотелефонӣ) сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони терминали нави байналхaлқии фурӯдгоҳ, протокол ба имзо расидааст. Арзиши сохтмон 27 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз ин 20 млн. евро — саҳми ҷониби Франсия, 7 млн. евро — саҳми ҷониби Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол ҷониби Тоҷикистон ба сохтмон 1.5 млн. евро пешпардохт кардааст. Аз ҷумлаи вазифаҳои дар соли 2010 дар назди корхона истода инҳоро метавон номбар кард, диверсификатсияи хизматрасониҳои фурӯдгоҳ, гузаштан ба низоми буҷети фасеҳу пешгӯишаванда, банизомдарории идоракунии корхона, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии рӯизаминӣ, такмили маҳорати касбии кормандони фурӯдгоҳ, мустаҳкам намудани системаи бехатарӣ бобати пешгирии вуруди бемориҳои махсусан вазнини сирояткунанда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, — чунин қайд кард А.Иброҳимов.