ҚУРБОНИЁНИ ТАРКИШИ МИНА

Январь 27, 2010 10:30

                Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз рӯи маълумоти Маркази безарар гардонидани минаҳо дар Тоҷикистон, 19 январ дар деҳаи Гушуни ҷамоати Меҳвари ноҳияи Панҷ дар натиҷаи таркиши мина 3 нафар ҳалоку маҷрӯҳ гардид.                  Хабар дода мешавад, ки 3 нафар талабаи мактаби рақами 39 — и ҳамин деҳа Шукрихудо Амирбеков, Ҳазратшо Шарифов ва Сайфулло Шарифов дар канали кӯҳнаи шафати деҳа як минаи кӯҳнаю зангзадаро ёфта, қарор доданд, ки онро кушоянд. Дар натиҷаи зарбаи санг мина таркид. Ш.Амирбеков дар ҷои воқеа ҳалок шуд. Х.Шарифов баъди ба шифохона оварданаш вафот кард.                 С.Шарифов сахт маҷрӯҳ гардид ва ӯро барои табобат ба шаҳри Душанбе фиристоданд.                   Мувофиқи маълумоти Маркази безарар гардонидани минаҳо дар Тоҷикистон то имрӯз бар асари таркиши минаҳо дар минтақаҳои назди сарҳад 358 нафар ҳалок ва 449 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Январь 27, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд