Ҳ. ҚИЛИЧЕВ БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Шаби 17 январи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шуд, ки 11 – тои онҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба таври фаврӣ ошкор карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳусейн Қиличеви 27 сола, сокини ноҳияи Ҳисор дастгир гардид. Ӯ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳаи Гулистони ноҳияи Ҷ. Румӣ як сар ҳайвони калони шохдорро дуздида, дар бозори ноҳияи мазкур ба маблағи 1 470 сомонӣ фурӯхтааст. Айни замон нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи 244 қисми 2, (дуздӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ҳамчунин, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар аризаи шаҳрванд Аскаралӣ Нурматов, соли таваллудаш 1988 сокини ҷамоати Ориён ворид гардид. Мувофиқи аризаи А. Нурматов шаби 17 январи соли ҷорӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии ӯ як адад қолин ва як адад мошинаи дарздузии тамғаи «Таyоtа», ки арзишаш 1 200 сомонӣ мебошад, дуздиданд. Дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноӣ, шаҳрванд Ҳусейн Мирзоеви 24 сола, сокини ноҳияи Темурмалик, дастгир карда шуд. Аз ӯ далелҳои шайъӣ дарёфт гардида гирифта шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






