ҲАМКОРИИ МАКТАБ БО ВОЛИДАЙН СУДБАХШ АСТ.
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Солҳои охир ҳамкории омӯзгорону волидайни макотиби вилоят хеле қоим гардидаст. Чунон, чи мактаби рақами 12 ноҳияи Рӯшон гирем. Мушкилоти беши мактаб бо имдоди волидайн ҳаллу фасл мегардад. Омӯзгори фанни Информатика Акобиршо Пайшанбиев мегӯяд, ки чун шумораи компютерҳо дар мактаб афзуд, масъалаи ифтитоҳи синфхонаи компютерӣ ба миён омад. Иттиҳодияи волидайн ба хотири таъмири синфхона 2,5 ҳазор сомониро гирд овард. Синфхона дар муддати кӯтоҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Синфхона дар фасли зимистон боз ба душвори рӯбарӯ гардид. Иттиҳодияи волидайн аз шаҳри Душанбе як адад генераторо оварда, ба синфхонаи тақдим намуд. Ҳамчунин як нафар волидайн синфхона калонеро, ки бар асари фарсуда буданаш дар он дарс намегузашт, таъмир карда, аз кишвари Чин ба маблағи чор ҳазор доллар лавозимоти варзиширо овард. Наврасон дар ин ҷо гуштингириро машқ мекунанд. Боғи мактаб низ бо имдоди волидайн таъмиру васеъ карда шуд. Ҳоло имконият аст, ки соле аз ин боғ то 700 сомонӣ маблағ вориди бӯҷаи мактаб гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






