Ҳ. ЗАРИФӢ: «ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН РОҲИ ҲАЛЛИ НИЗОМӢ НАДОРАД»

Январь 27, 2010 15:06

                    Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 26 январи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар шаҳри Истанбул баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.                      Ҳ. Зарифӣ тазаккур дод, ки: «Табиист, ки мо ҳамсоягони Афғонистон бинобар арзишҳои волои иҷтимоӣ, суннати бузурги ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ, пайвандҳои ногусастаи дирӯз ва имрӯз, усул ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ, иҷтимоӣ, одобӣ, суннатӣ, меҳру ҷозибаи дӯстии халқҳоямон нисбати дигарон аз ин мушкилот ранҷ мебарем ва бештар аз дигарон хоҳони самимии ҳалли мушкилоти бародарони худ мебошем. Аз ин рӯ, ба андешаи мо шарти муҳимтарин ва заруртарин – ин сафарбарии фаъол ва истифодаи васеи нерӯи дохилии созандаи кишвари Афғонистон аст: ҳеҷ қудрат ва нерӯ — на минтақавӣ ва на байналмилалӣ наметавонад ҷойгузини ин нерӯи дохилӣ бошад».                       Вазири Тоҷикистон мӯътакид бар он аст, ки иродаи матин ва возеҳи зиддитеррористӣ ва нерӯи муассири низомиву амниятӣ ва татбиқи он, шарти ниҳоят муҳим аст. Вале он шарти ягона нест, зеро мушкили кунунии Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.                    Омили муҳим ва муассир – стратегияи босамари бозсозӣ ва созандагист, зеро имрӯз шароити мусоиди татбиқи он фароҳам аст. Кишвари Афғонистон дорои манобеи азими табиӣ, бахусус, об ва замини кишт, захираҳои бузурги маъданҳо, газ, сангҳои қимматбаҳо, мардуми заҳматдӯст ва ободгар, имконоти ниҳоят васеи моливӣ дошта, ҳамзамон аз пуштибонии васеи ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор аст.                    Ҳамрохон Зарифӣ пешниҳод намуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд возеҳан дарк намояд, ки имрӯз масъалаи муваффақияти стратегияи байналмилалии мусоидат ба сулҳ ва бозсозиву рушди Афғонистон дар пешорӯи ҳамагон қарор дорад. Муваффақияти ин стратегия дар асл калиди субот, амният ва ҳамкории васеъ ва босамари минтақавист. Аз ин ҷиҳат, ҳам кишварҳои минтақа ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои таъмини муваффақияти комили ин стратегия, талоши содиқона ва пайгир намоянд.

Январь 27, 2010 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд