Ҳ. ЗАРИФӢ: «ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН РОҲИ ҲАЛЛИ НИЗОМӢ НАДОРАД»
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 26 январи соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар шаҳри Истанбул баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳ. Зарифӣ тазаккур дод, ки: «Табиист, ки мо ҳамсоягони Афғонистон бинобар арзишҳои волои иҷтимоӣ, суннати бузурги ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ, пайвандҳои ногусастаи дирӯз ва имрӯз, усул ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ, иҷтимоӣ, одобӣ, суннатӣ, меҳру ҷозибаи дӯстии халқҳоямон нисбати дигарон аз ин мушкилот ранҷ мебарем ва бештар аз дигарон хоҳони самимии ҳалли мушкилоти бародарони худ мебошем. Аз ин рӯ, ба андешаи мо шарти муҳимтарин ва заруртарин – ин сафарбарии фаъол ва истифодаи васеи нерӯи дохилии созандаи кишвари Афғонистон аст: ҳеҷ қудрат ва нерӯ — на минтақавӣ ва на байналмилалӣ наметавонад ҷойгузини ин нерӯи дохилӣ бошад». Вазири Тоҷикистон мӯътакид бар он аст, ки иродаи матин ва возеҳи зиддитеррористӣ ва нерӯи муассири низомиву амниятӣ ва татбиқи он, шарти ниҳоят муҳим аст. Вале он шарти ягона нест, зеро мушкили кунунии Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Омили муҳим ва муассир – стратегияи босамари бозсозӣ ва созандагист, зеро имрӯз шароити мусоиди татбиқи он фароҳам аст. Кишвари Афғонистон дорои манобеи азими табиӣ, бахусус, об ва замини кишт, захираҳои бузурги маъданҳо, газ, сангҳои қимматбаҳо, мардуми заҳматдӯст ва ободгар, имконоти ниҳоят васеи моливӣ дошта, ҳамзамон аз пуштибонии васеи ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор аст. Ҳамрохон Зарифӣ пешниҳод намуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд возеҳан дарк намояд, ки имрӯз масъалаи муваффақияти стратегияи байналмилалии мусоидат ба сулҳ ва бозсозиву рушди Афғонистон дар пешорӯи ҳамагон қарор дорад. Муваффақияти ин стратегия дар асл калиди субот, амният ва ҳамкории васеъ ва босамари минтақавист. Аз ин ҷиҳат, ҳам кишварҳои минтақа ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои таъмини муваффақияти комили ин стратегия, талоши содиқона ва пайгир намоянд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






