Ҳ.ЗАРИФӢ ДАР БОРАИ СИЁСАТИ БЕРУНИИ МАЪМУРИЯТИ ЧИН

Январь 19, 2010 10:30

                 Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 18 январ дар Душанбе нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он сухан асосан дар бораи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.                   Ҳ. Зарифӣ зикр кард, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин соли 2009 рӯйдодҳои муҳим мушоҳида карда мешаванд. 29 ноябри соли гузашта хати баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500 киловаттаи «Ҷануб – Шимол» пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Онро мутахассисони Чин сохтанд. Инчунин бо ҳамроҳии мутахассисони Чин сохтмони туннели мошингарди «Шаршар» ба охир расид. Инчунин ширкатҳои чинӣ сохтмони НБО «Нуробод – 1», корхонаи семент дар ноҳияи Данғара ва Маркази барқу гармидиҳиро дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтаанд.                    Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи сиёсати ҳукумати Чин нисбат ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла, Тоҷикистон сухан ронда, зикр намуд, ки сиёсати он дар ин масъала хирадмандона ва оқилона мебошад. Чин дар ягон давлат сиёсати ғаразҷӯёнаро амалӣ намесозад. Ҳадафи сиёсати ин мамлакат ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан муфиди иқтисодӣ мебошад. Муносибати Тоҷикистону Чин бар зарари ягон мамлакати дигар равона нашудааст. Ман ҳамчун вазири корҳои хориҷӣ чунин мешуморам, ки ҳукумати Чин ин ё он ҳадафи манфиатҷӯӣ ё геополитикӣ надорад, гуфт Ҳамрохон Зарифӣ.                      Вай афзуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Чин соли 2009 – ум 671,9 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.

Январь 19, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд