ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ СОЛИ ГУЗАШТА
Хуҷанд, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, генерал – майори милиса Рауф Юсуфов 13 январ барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он сухан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти раёсат дар соли 2009 рафт. Р.Юсуфов зикр намуд, ки соли гузашта дар вилоят 3276 ҷиноят ба кайд гирифта шуд, ки аз соли 2008 – ум 122 ҷиноят зиёд мебошад. Дар баробари ин миқдори ҷиноятҳои вазнин, талаю тороҷи молу мулк, ҳодисаҳои ришвахӯрӣ то андозае кам гардид. Дар ин давра ҳаҷми кушодашавии ҷиноятҳо дар вилоят 87,1 фоиз афзуд, гуфт Р.Юсуфов. Соли 2009 дар натиҷаи амалиёти махсус 14 узви Ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон, 13 узви ҳизби ифротии «Ҳизби таҳрир» дастгир карда ва фаъолияти 146 узви ҷунбиши динии Салафия таҳти назорат гирифта шуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд соли 2009 — ум 423,5 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла 141 килограмм героинро мусодира карданд. Инчунин навъҳои гуногуни аслиҳа, аз ҷумла 256 адад аслиҳаи оташфишон, 5 автомати Калашников ва 12 туфангча мусодира карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






